Моҳи август сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна обуҳаво интизор аст?

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳи август ҳарорати моҳона дар Тоҷикистон 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали моҳ ҳавои гарм боқӣ мемонад. “Аммо дар даҳаи сеюми моҳ ҳарорат тадриҷан поин меравад”, – зикр карданд дар Агентӣ. Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки миқдори боришот дар кишвар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳи август ҳарорати моҳона дар Тоҷикистон 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали моҳ ҳавои гарм боқӣ мемонад.

“Аммо дар даҳаи сеюми моҳ ҳарорат тадриҷан поин меравад”, – зикр карданд дар Агентӣ.

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки миқдори боришот дар кишвар каме зиёдтар аз маъмулӣ дар назар аст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои доманакӯҳ 1-2 мм (меъёр – 0,1-2 мм) зиёдтар мешавад.

Дар водиҳо боришот камтар мешавад. Охири моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, инчунин тӯфони чангу ғубор пешбинӣ мешавад. Давоми моҳ дар минтақаҳои алоҳида баъзан ҳолатҳои шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 м/с дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тағйирёбии ҳарорати миёна рӯзона аз 30 то 42 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо – то 25 дараҷа дар назар аст.

Дар охири моҳ ҳарорат дар водиҳо то 26-31 дараҷа поин меравад.

Дар вилояти Суғд ҳарорат рӯзона дар ҳудуди 28-39 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Охири моҳ то 22-27 дараҷа поинравии ҳарорат дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона ҳарорати то 32 дараҷа ва охири моҳ – то 20 дараҷа пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин боронҳои кӯтоҳмуддати пуршиддат бо раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 м/с дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ низ ҳаво гарм мешавад. Рӯзона гармшавии ҳаво аз 32 то 37 дараҷа ва шабона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

Дар охири моҳ ҳарорат то 21-26 дараҷа поин меравад.

Миқдори боришот дар ин ноҳияҳо баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи ВМКБ ҳарорат дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе минатқаҳо 1 дараҷа баландтар аз меъёр дар назар аст.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 18-23 то 12-17 дараҷа гарм дар назар буда, миқдори боришоти атмосферӣ аз сатҳи иқлимии пешбинигардида баландтар мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.