Ҷустуҷӯи 264 сокини Истаравшан. Аксари онҳо бо иттиҳоми тундгароӣ дар пайгард будаанд

Date:

Мақомоти Тоҷикистон 264 сокини шаҳри Истаравшанро ҷустуҷӯ доранд. Аксари онҳо барои содир кардани ҷинояти марбут ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Раиси шарҳ мегӯяд, вазъ нигаронкунанда аст.

Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, айни замон 264  сокини шаҳр дар пайгарди мақомот қарор доранд ва аксари онҳо бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои тундгаро расман ҷустуҷӯ мешаванд.

“Мақомот аксари онҳоро тибқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад. Танҳо дар шаш моли соли равон 51 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бо моддаҳои вобаста ба терроризму эекстремизм ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд”, – афзуд Маъмурзода.

Дар умум, ба қавли Маъмурзода, давоми ним соли аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 409 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Адҳам Маъмурзода

Бояд гуфт, ки шаҳри Истаравшан якҷо бо Исфара ва ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои осебпазир дар самти гароиш ба гуруҳҳои ифротӣ дар шимоли кишвар дониста мешавад. Теъдоди онҳое, ки дар ин шаҳру навоҳӣ бо ҷурми ифротгароӣ муттаҳам гардида, равонаи зиндон шудаанд, нисбат ба дигар минтақаҳои вилоят бештар будааст. Махсусан, теъдоди онҳое, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ҷангзада иштирок кардаву дар пайгарданд ва қисме зиндонӣ ҳам шудаанд, дар ин шаҳрҳо бештар будаанд.

Аммо солҳои охир раванди иштироки сокинони ин шаҳрҳо дар ҷангҳои кишварҳои бегона кам шуда, вале муттаҳамон бо моддаи 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм афзоиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...