ҲАМОС номи роҳбари нави сиёсии худро эълон кард

ҲАМОС, гурӯҳи фаластиние, ки зидди Исроил меҷангад, Яҳё Синворро ба ҳайси роҳбари нави сиёсии худ муаррифӣ кард. Ӯ ҷойгузини Исмоил Ҳания, роҳбари пешини сиёсии ин гурӯҳ, ки дар пайи як ҳамла дар Теҳрон кушта шуд, гардид. Хабаргузории Рейтерз бо истинод ба изҳороти ҲАМОС навишт, ки ин гурӯҳ раҳбари худ дар навори Ғазза Яҳё Синворро ба […]

Asia-Plus

ҲАМОС, гурӯҳи фаластиние, ки зидди Исроил меҷангад, Яҳё Синворро ба ҳайси роҳбари нави сиёсии худ муаррифӣ кард. Ӯ ҷойгузини Исмоил Ҳания, роҳбари пешини сиёсии ин гурӯҳ, ки дар пайи як ҳамла дар Теҳрон кушта шуд, гардид.

Хабаргузории Рейтерз бо истинод ба изҳороти ҲАМОС навишт, ки ин гурӯҳ раҳбари худ дар навори Ғазза Яҳё Синворро ба ҳайси ҷойгузини Исмоил Ҳания муаррифӣ кард.

Яҳё Синвор яке аз чеҳраҳои калиди дар ҲАМОС дониста мешавад ва Исроил ӯро созмондиҳандаи ҳамла дар 7-уми октябри соли 2023 медонад.

Гуфта мешавад, ки Яҳё Синвор пас аз ҳамла ба Исроил дар Ғазза пинҳон шудаву ба кӯшишҳои артиши Исроил ҷиҳати нобуд карданаш муваффақона муқобилият нишон медиҳад.

Ба хабари таъйиноти Яҳё Синвор Исроил бо мушакборони навори Ғазза посух дод.

Як дипломати минтақавӣ, ки аз музокироти Исроилу Фаластин бо миёнҷигарии Миср ва Қатар огоҳ будааст, ба Рейтерс гуфтааст, “ин таъйинот маънои онро дорад, ки Исроил бояд бо Синвар барои ҳалли ҷанг дар Ғазза мулоқот кунад”. То ин лаҳза масъулияти музокирот барои итмоми ҷанг дар Ғазза аз ҷониби ҲАМОС Исмоил Ҳания буд.

Яҳё Синвори 61-сола дар урдугоҳи паноҳандагон дар шаҳри Хон Юниси ҷанубии Ғазза ба дунё омадааст. Дар соли 2017 ӯ раҳбари ҲАМОС дар навори Ғазза интихоб шуд ва дар миёни фаластиниҳо ҳамчун як душмани бераҳм ва оштинопазири Исроил нуфуз пайдо кард.

Яҳё Синвор нисфи умрашро дар зиндонҳои Исроил сипарӣ кардааст.

Бояд гуфт, низои ахир дар Ғазза баъди муҳосираву фишори шадид ва давомдори Исроил ба ин минтақа ва дар пайи он, ҳамлаи гуруҳи ҲАМОС ба ин кишвар дар 7-уми октябри соли 2023 оғоз гардид.

Дар пайи ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта шудаву беш аз 200 нафари дигар гаравгон шуданд. То ҳол теъдоде аз ин гаравгонҳо озод гардидаанд, аммо чанде то ҳол дар асорати ҲАМОС мебошанд.

Бар асари мушакборон ва ҳамлаи Исроил ба Ғазза бошад, давоми 10 моҳи охир, ҳудуди 50 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд, ки аксари онҳо кӯдакону занон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио