Тоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Date:

Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратӣ байни доираҳои кории минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Остона 22 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳамоиш ҳафтаи гузашта дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.

Дар санадҳои имзошуда роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва экология, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ, маориф, мошинсозӣ, тиб ва сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Дар кори форум муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мидораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Юсуфзода суханронӣ намуда, дар бораи имконоти сармоягузории Тоҷикистон маълумот дод.

Тибқи маълумоти Кумита, дар кори форум беш аз 350 намояндагони ширкатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳои минтақа ва Ҷопонро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, иштирокчиён зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаро барои ноил шудан ба рушди устувор ва таҳкими суботи молиявӣ дар кишварҳои минтақа таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва системаҳои молиявӣ низ мавриди муҳокимаронӣ гардид.

Зикр мегардад, ки форум барои табодули таҷриба ва таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард.

Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон такони нав бахшида, ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа мусоидат менамояд.

Бино ба маълумоти Кумита, тайи ду соли ахир Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 42,5 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ҳаҷми умумии гардиши моли дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 44,3 млн долларро ташкил дод, ки 48% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Зиёда аз 99,3% аз ҳаҷми гардиши моли дуҷониба ба воридоти мол аз Ҷопон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...