Покистон дарёфти раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ройгон кард

Мақомоти Покистон аз 14-уми августи соли равон пардохти ҳақ ё боҷҳои раводид барои шаҳрвандони 126 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор карданд. Дар ин бора сомонаи “Visasnews” хабар медиҳад. Ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар рӯйхат ҳастанд, раводиди сайёҳӣ ва тиҷоратӣ барои муҳлати 90 рӯз дар давоми як шабонарӯз ройгон дода мешавад. Ҳамчунин, барои онҳо раванди […]

Asia-Plus

Мақомоти Покистон аз 14-уми августи соли равон пардохти ҳақ ё боҷҳои раводид барои шаҳрвандони 126 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор карданд. Дар ин бора сомонаи “Visasnews” хабар медиҳад.

Ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар рӯйхат ҳастанд, раводиди сайёҳӣ ва тиҷоратӣ барои муҳлати 90 рӯз дар давоми як шабонарӯз ройгон дода мешавад. Ҳамчунин, барои онҳо раванди супоридани ариза барои дарёфти виза содда карда шуд.

Ба ин рӯйхат ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, баъзе давлатҳои Ховари Миёна, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дохил мешаванд.

Покистон ҳамчунин, барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Уммон ва Қатар дарёфти виза пеш аз сафарро пурра лағв кардааст ва шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд раводидро ҳангоми расидан ба Покистон, бо нишон додани шиноснома, ройгон дарёфт кунанд.

Гуфта мешавад, ки дар анкетаи нави онлайнӣ барои дархости виза ҳам сабукӣ ҷорӣ гардида, акнун барои 100 саволи пешина 30 савол пешниҳод мешавад.

Онҳо метавонанд, ки пас аз муроҷиати онлайн тавассути портали расмии Nadra раводиди ройгон дарёфт кунанд.

Бодя гуфт, ки сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар моҳи июли соли ҷорӣ гуфта буд, ки раводиди онлайнӣ ба соҳибкорон, сармоягузорон ва сайёҳон аз 126 кишвар дар давоми 24 соат дода мешаванд.

Ба гуфтаи сарвазири Покистон, “ин сабукии низоми визавӣ ба ҷалби сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ба Покистон мусоидат хоҳад кард”.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло миёни Тоҷикистон ва Покистон парвозҳои мустақим амал мекунад (шурӯъ аз 27-уми июни соли 2024) ва он дар як ҳафта як маротиба дар рӯзи панҷшанбе тавассути ширкати ҳавопайии “Сомон Эйр” сурат мегирад. Парвоз аз Душанбе соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ ва парвози бозгашт аз Исломобод соати 13:30 сурат мегирад.

Зимнан, Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон 2-юми июл ба сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон миёни ду кишвар Созишномаи шарикии стратегӣ ва боз чанд санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.