Қосимҷомарт Токаев бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон меояд

Рӯзи 22-юми августи соли равон Қосимҷомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад ва мегӯяд, ӯ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Тоҷикистон меояд. Сафари давлатии Токаев рӯзҳои 22 ва 23-юм дар назар дошта шуда, дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли […]

Рӯзи 22-юми августи соли равон Қосимҷомарт Токаев, президенти Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад ва мегӯяд, ӯ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Тоҷикистон меояд.

Сафари давлатии Токаев рӯзҳои 22 ва 23-юм дар назар дошта шуда, дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.

Токаев дар доираи сафари худ ҳамчунин бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Тоҷикистон ва Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Манбаъ мегӯяд, дар доираи сафар бастаи калони ҳуҷҷатҳо барои имзо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии он “Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ” хоҳад буд.

Ҳамчунин, роҳбарони давлатҳо дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

“Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд”, – гуфтааст ВКХ Тоҷикистон.

Бодя гуфт, ки бори охир Токаев моҳи сентябри соли гузашта дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон омада буд.

Зимнан, 8-уми августи соли равон президенти Тоҷикистон, барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба Қазоқистон сафар карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.