Сарвазири Ӯзбекистон бори аввал ба Афғонистон рафт

Абдулло Орипов, нахуствазири Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Толибон* бори аввал ба Афғонистон сафар кард ва бо роҳбарони кунунии ин кишвар мулоқот намуд. Дар ин бора хабаргузории ISNA иттилоъ медиҳад. Абдулло Ориповро дар фурудгоҳ муовини нахуствазири ҳукумати Толибон Абдулсалом Ҳанафии ӯзбектабор пешвоз гирифт. Ин аввалин сафари нахуствазири Ӯзбекистон ба Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар […]

Asia-Plus

Абдулло Орипов, нахуствазири Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Толибон* бори аввал ба Афғонистон сафар кард ва бо роҳбарони кунунии ин кишвар мулоқот намуд.

Дар ин бора хабаргузории ISNA иттилоъ медиҳад.

Абдулло Ориповро дар фурудгоҳ муовини нахуствазири ҳукумати Толибон Абдулсалом Ҳанафии ӯзбектабор пешвоз гирифт.

Ин аввалин сафари нахуствазири Ӯзбекистон ба Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин кишвар аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021 аст. Дар ин се сол равобити Толибон бо Ӯзбекистон аз мулоқотҳои вазирон то ба сатҳи сафари нахуствазири ин кишвар ба Кобул расид.

Абдулло Орипов зимни ин сафар бо чандин мақоми баландпояи Толибон, аз ҷумла бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали нахуствазири ҳукумати Толибон, муовини ӯ оид ба масоили идорӣ Абдулсалом Ҳанафӣ, муовин оид ба масоили сиёсӣ Абдул Кабир ва вазири умури хориҷӣ Амирхон Муттақӣ мулоқот карда, дар маросими рӯнамоии маҳсулоти Ӯзбекистон ширкат варзидааст.

“Тарафҳо ҷиҳати таҳкими равобити тиҷории ду кишвар 5 санад ба имзо расонидаанд. Дар умум байни ҳукумати Толибон ва Ӯзбекистон дар масъалаҳои иқтисодӣ 35 ёддошти тафоҳум ба маблағи 2,5 миллиард доллар ба имзо расонида шудааст”, – менависад ин расона.

Абдулғанӣ Бародар гуфтааст, “имзои ин санадҳои муҳим гувоҳи иродаи қавӣ ва тааҳҳуди сиёсии роҳбарони Афғонистон ва Ӯзбекистон буда, ҳамгироии иқтисодиро дар минтақа қавӣ мегардонад. Мо итминон дорем, ки ин созишномаҳо барои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки ба манфиати мардуми ҳарду кишвар хоҳад буд, роҳҳои нав эҷод мекунанд”.

Нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов гуфтааст, “Ӯзбакистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Афғонистон дар бахшҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ буда, ҳамкориҳои худро бо Кобул дар бахшҳои истихроҷи маъдан, нерӯи барқ, кишоварзӣ, бозсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ идома хоҳад дод”.

Бояд гуфт, Ӯзбекистон аз рӯзи аввали сари қудрати Афғонистон омадани Толибон бо ин гуруҳ робитаи ҳасанаро роҳандозӣ карда, намояндагони ин ин кишвар чандин маротиба ба Кобул сафар кардаанд. Ҳамчунин, Тошканд мизбони яке аз конфронсҳо оид ба ҳалли мушкили Афғонистон буд, ки дар он намояндагони Толибон ҳузур доштанд. Аммо ин бори аввал аст, ки нахуствазири Ӯзбекистон ба Кобул сафар мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Толибон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати ташкилкардаи ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.