Тоҷикистону Покистон шарики стратегӣ шуданд. Миёни ду кишвар кадом санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид?

Зимни сафари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон миёни ду кишвар  Созишномаи шарикии стратегӣ ва боз чанд санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз чумла санадҳои нави зерин имзо шуданд: – Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва […]

Зимни сафари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон миёни ду кишвар  Созишномаи шарикии стратегӣ ва боз чанд санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз чумла санадҳои нави зерин имзо шуданд:

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;

– Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;

– Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;

– Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Шариф дирӯз, 2-юми июн, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва ин аввалин сафари хориҷии ӯ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.