Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои паралимпии Порис ширкат намеварзанд

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII паралимпӣ, ки аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар Порис баргузор мешаванд, ширкат намекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдурауф Алимов, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ягон нафар аз Тоҷикистон барои ширкат дар ин мусобиқа роҳхат ба даст наовардааст. Бояд гуфт, ки Бозиҳои паралимпӣ мусобиқаи байналмилалӣ […]

Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII паралимпӣ, ки аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар Порис баргузор мешаванд, ширкат намекунанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдурауф Алимов, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ягон нафар аз Тоҷикистон барои ширкат дар ин мусобиқа роҳхат ба даст наовардааст.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои паралимпӣ мусобиқаи байналмилалӣ барои маъюбон мебошад, ки ҳар чаҳор сол пас аз Бозиҳои олимпӣ баргузор мешавад.

“Ин мусобиқа барои паралимпиҳои тоҷик хеле муҳим аст, аммо дар давраи интихобии гузашта ҳеҷ яке аз онҳо натавонистанд меъёри зарурии ширкат дар Паралимпиадаи Парижро иҷро кунанд”, – гуфт Алимов.

Барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои паралимпии соли 2024, ба варзишгарони мо ишғол кардани мавқеъҳои муайян дар рейтингҳои ҷаҳонӣ муҳим буд. Барои ин ба варзишгарон лозим буд, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат варзида, барои рейтинг хол ба даст оваранд.

“Теъдоди чунин мусобиқаҳо барои варзишгарон аз Тоҷикистон кам буд, аз ин рӯ дарёфти муҷаввиз имкон надошт. Ҳамчунин, ба далели набуди манобеъи молӣ варзишгарони тоҷик натавонистанд дар бисёре аз мусобиқоти муҳим ширкат кунанд”, – афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бори нахуст дар соли 2004 – дар Афина дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат карда буд. Варзишгарон аз Тоҷикистон то имрӯз аз Бозиҳои паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио