Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Date:

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Сабаби тавсияи худдорӣ аз сафар ба ин кишварро сафорат ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт додааст.

Айни ҳол дар ин маврид шарҳи бештар дастрас нест.

Бояд гуфт, ин аввалин тавсияи ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон барои худдорӣ аз сафар ба Русия нест. Пештар, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ва баъди он, дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол" ва бо иттиҳоми содир кардани он боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистону дар пайи он афзоиши санҷишҳои тоҷикон ҳангоми вуруд ба Русия низ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоста буд, ки аз сафар ба ин кишвар муваққатан худдорӣ кунанд.

Ҳафтаи гузашта Қирғизистон низ аз шаҳрвандонаш хост аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ сабаби ин даъват, “пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ” зикр гардид.

Бояд гуфт, ки Русия баъди ҳамлаи мусаллаҳона ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол"-и вилояти Маскав дар моҳи марти соли ҷорӣ ва бо иттиҳоми содир кардани он боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистону маъракаи санҷиши муҳоҷиронро тақвият бахшид ва барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ монеаҳои зиёд эҷод кард. Теъдоде аз хоҳишмандони вуруд ба Русия дар гузаргоҳҳои заминӣ маҷбуранд чандин рӯз навбат истанд ва дар охир посухи рад гиранд. Ҳамин тавр баъзеи онҳое, ки тавассути ҳавопаймо сафар мекунанд, низ соатҳо ва баъзан чанд рӯз дар навбат истода ё бозпурсӣ шуда, барои вуруд ба Русия иҷоза намегиранд. Ҳамаи он  бо шеваи тунд сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...