Додгоҳ Ботир Қодировро писари Шералӣ Ҷӯраев эълон кард

Date:

Додгоҳе дар Ӯзбекистон даъвои Ботир Қодиров, овозхони ҷавони ӯзбек дар бораи он ки Шералӣ Ҷӯраев, овозхони шинохтаи Ӯзбекистон падари биологиаш аст, қонеъ кардааст. Писарони дигари Шералӣ Ҷӯраев ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ гуфтаанд. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.

Дар қарор гуфта шудааст, ки дар сутуни “падар”-и шаҳодатномаи таваллуди Ботир Қодиров навиштаи “Шералӣ Ҷӯраев, соли таваллуд–1945, миллат-ӯзбек” ҷой дода шавад.

Қарори додгоҳ баъди як моҳ эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва дар ин муддат ҷонибҳои норозӣ метавонанд ба додгоҳ шикояти кассатсионӣ баранд.

Зоҳиршоҳ Ҷӯраев, яке аз писарони марҳум Шералӣ Ҷӯраев баъди эълони ҳукм ба хабарнигорон гуфтааст, ки қарори ниҳоӣ ғайриқонунӣ буда, далелу исботи кофӣ вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки аризаи даъвогии овозхон Ботир Қодиров 19-уми марти соли 2024 ба суд ирсол гардид. Дар ариза Ботир Қодиров гуфта буд, ки Шералӣ Ҷӯраев падари биологии ӯ аст ва барои исботи ин гуфтаҳо далелҳои кофӣ низ дорад.

“Ман маҷбур шудам онҳоро ба додгоҳ кашам, зеро онҳо (Зоҳирҷон ва Шоҳҷаҳон Ҷураевҳо, писарони Шералӣ Ҷӯраве дар назар аст-муаллиф) бар зидди шаъну шарафи модарам сухан гуфтанд. Ман аз бародаронам чизе намехоҳам ва ба пулу мерос ниёз надорам”, – шарҳ дода буд ӯ.

Шералӣ Ҷӯраев Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, дар Тоҷикистон низ маҳбубият дошт. Ӯ 4-уми сентябри соли 2023 дар Тошканд вафот кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...