Боз бидуни шарҳ. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хатти марз

Дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии дигарбораи ҳайатҳои  маконнигорӣ (топографӣ) ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, музокирот миёни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз 11 то 17-уми сентябр давом кардааст. “Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии дигарбораи ҳайатҳои  маконнигорӣ (топографӣ) ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, музокирот миёни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз 11 то 17-уми сентябр давом кардааст.

“Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд”, – навиштааст “Ховар”.

Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки дар ин дидор дар мавриди кадом минтақаҳои баҳснок муҳокима сурат гирифта, чӣ пешниҳодҳое ироа гардидааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, корро идома медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар моҳи сентябр ин дуюмин музокираи гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аст. Мулоқоти гузаштаи онҳо ҳафтаи аввали ҳамин моҳ дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин дар моҳи август ҷонибҳо ду маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.

Охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад.

Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.