Волидайни яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 6 моҳ боз бо писарашон вохӯрда наметавонанд

Date:

Волидайни Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони эҳтимолии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав гуфтаанд, ки шаш моҳ мешавад, ки бо писарашон мулоқот карда наметавонанд ва аз ҳоли ӯ хабар надоранд.

Дар ин бора Гулракат Мирзоева модари Далерҷон Мирзоев дар суҳбат бо хабаргузории "РИА Новости" гуфтааст.

“Мо ба назди писарамон рафта наметавонем, касе нест, ки моро бибарад, аз рӯзе ки ин ҳодиса рух дод, мо бо ӯ сӯҳбат накардаем ва ҳоло намедонем, ки ӯ чӣ ҳол дорад”,- гуфтааст  Мирзоева.

Ҳамчунин, Барот Мирзоев, падари Далерҷон Мирзоев гуфтааст, борҳо аз маъмурони пулиси ноҳияи маҳалли зисташ пурсон шудааст, ки аз куҷо ва чӣ гуна аз ҳоли писараш хабардор шавад, аммо мақомот посух надодаанд.

Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” аст. Дар наворе, ки ҳангоми боздошти ӯ сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, мушоҳида мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин фароварда, ба дастонаш завлона мезананд.

Як рӯз пас Мирзоевро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки дар сару рӯяш осори латукӯб мушоҳида мешуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далерҷон Мирзоев

Падару модар, хешовандон ва омӯзгорони Далерҷон Мирзоев аз даст доштани ӯ дар ҳамлаи террористӣ бовар надоранд

Ҳоло Далерҷон Мирзоев ҳамроҳи се гумонбари дигари ин ҳодиса то моҳи ноябри соли равон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод, ки дар натиҷа 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ” – Вилояти Хуросон ба ӯҳда гирифт.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...