Дар Тоҷикистон хакатони солонаи NASA бо фонди ҷоизавии $3000 баргузор мегардад

Дар Тоҷикистон бақайдгирии дастаҳо ба хакатони “NASA Space Apps 2024” оғоз шуд. Дар ин бора “American Space Dushanbe” хабар медиҳад. Рӯзҳои 5 ва 6-уми октябр хакатон дар шакли онлайн баргузор мегардад, ки дар давоми 48 соат дастаҳо лоиҳаҳои худро пешниҳод хоҳанд кард. Фонди ҷоизавии хакатон $3000 мебошад. Тамоми хоҳишмандон аз Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд. Рӯзи 11-уми […]

Варақаи матбуотии “American Space Dushanbe”

Дар Тоҷикистон бақайдгирии дастаҳо ба хакатони “NASA Space Apps 2024” оғоз шуд. Дар ин бора “American Space Dushanbe” хабар медиҳад.

Рӯзҳои 5 ва 6-уми октябр хакатон дар шакли онлайн баргузор мегардад, ки дар давоми 48 соат дастаҳо лоиҳаҳои худро пешниҳод хоҳанд кард. Фонди ҷоизавии хакатон $3000 мебошад. Тамоми хоҳишмандон аз Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд.

Рӯзи 11-уми октябри 2024 дар “American Space Dushanbe” маросими ҷоизасупории ғолибон баргузор мегардад, ки дар он се дастаи беҳтарин барои доварии глобалӣ ба NASA пешниҳод мешаванд. Ғолибони глобалӣ дар моҳи январи 2025 эълон гашта, имконияти ба даст овардани роҳхат ба қароргоҳи NASA дар ИМА доранд.

NASA Space Apps 2024 — ин чорабинӣ барои барномасозон, олимон, дизайнерҳо, ҳикоянависон, ихтироъкорон, технологҳо ва дигарон дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад, ки дар он дастаҳо бо истифода аз маълумоти ройгон ва кушодаи NASA ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар рӯи Замин ва кайҳон машғул мешаванд.

Мавзуъ ва вазифаҳои хакатонро дар сомонаи spaceappschallenge.org ё дар саҳифаи American Space Dushanbe дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед пайдо кунед. Дастаҳо метавонанд аз байни 20 масъалаи пешниҳодшуда танҳо 1 масъаларо интихоб намоянд.

Нилуфар Мурадова, намояндаи маҳаллии хакатони “NASA Space Apps” дар бораи баргузории ин чорабинӣ чунин гуфт:

“Ин панҷумин соли баргузории хакатон дар Тоҷикистон аст. Дар ин давра мо ба ҳамаи ҳадафҳоямон расидем. Дар соли 2023 мо ғолиби глобалӣ дар байни 8000 даста шудем, дар 2022 номи Honorable Mention-ро сазовор гаштем, дар 2021 финалист шудем. Аз соли 2020 хакатони мо бузургтарин дар миқёси ИДМ мебошад. Мо ҳатто се сол мешавад, ки пайи ҳам дар даҳгонаи хакатонҳои бузурги маҳаллӣ дар ҷаҳон қарор дорем. Ин нишонаи он аст, ки дар Тоҷикистон навоварон ҳастанд ва ин хакатон платформаи онҳо мебошад. Имсол низ мо интизори дидани иштирокчиён аз гӯшаҳои гуногуни кишварамон ҳастем."

Шартҳо барои иштирок:

–  Дастаҳо бояд аз 1 то 6 иштирокчӣ иборат бошанд.

– Забони асосии хакатон русӣ мебошад. Вале супоридани лоиҳа ва пешниҳоди он ба забони англисӣ сурат мегирад, бинобар ин муҳим аст, ки дар даста ҳадди аққал як иштирокчӣ забони англисиро донад.

– Ҳеҷ гуна маҳдудият аз рӯи синну сол ва соҳаи кор вуҷуд надорад.

Барои иштирок ду марҳилаи бақайдгирӣ лозим аст:

1. Сардори даста бояд дар spaceappschallenge.org.com макони Dushanbe – ро интихоб карда, дастаашро ба қайд гирад. Ҳар як аъзои даста бояд дар spaceappschallenge.org сомонаи шахсии худро сохта ба дастае, ки капитан ташкил кардааст, ҳамроҳ шавад.

2. Сардори даста бояд аз номи тамоми дастааш Google – формаро пур кунад.

Аз 2 то 4 октябр ташкилкунандагони чорабинӣ бо дастаҳои ба қайд гирифта шуда тамос хоҳанд гирифт.

Ҳамаи лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби доварони маҳаллӣ баҳогузорӣ карда мешаванд, то номзадҳои глобалии Тоҷикистонро муайян кунанд ва баъд аз он коршиносони NASA онҳоро барои эълон кардани ғолибони ҷоизаи глобалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Мӯҳлати ниҳоии номнависӣ: 1 октябри 2024.

Агар оиди иштирок саволе дошта бошед, пас ба [email protected] ё Telegram – и @americanspace муроҷиат намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.