Нахустин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Тоҷикистон. Суратгузориш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Душанбе аввалин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ мегузарад. Дирӯз, 25-уми сентябр бо иштироки намояндагони расмии Тоҷикистон ва Эрон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қатар, Ӯзбекистон, Хитой ва дар умум зиёда аз 20 кишвар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ баргузор шуд. Имрӯз, 26-уми сентябр […]

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Душанбе аввалин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ мегузарад.

Дирӯз, 25-уми сентябр бо иштироки намояндагони расмии Тоҷикистон ва Эрон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қатар, Ӯзбекистон, Хитой ва дар умум зиёда аз 20 кишвар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ баргузор шуд.

Имрӯз, 26-уми сентябр шурӯъ аз субҳ дар маркази намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО-ЦЕНТР) Тоҷикистон ва кишварҳои меҳмон имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд ва намоишгоҳ то бегоҳи 27-уми сентябр идома меёбад.

Ҳар як кишвар дар ғурфаҳои алоҳидаи хеш намунаҳои гуногуни ҳунармандии худро ба намоиш гузоштаанд, ки ифодагари фарҳангу анъванаҳои онҳост.

Аз ҷумла ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо хизматрасониҳои гуногун, чун меҳмонхона, ҳавопаймо ва нақлиёти худро пешниҳод карданд.

Аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ камубеш 90 ширкат бо хизматрасониҳои гуногуни хеш иштирок доранд. Ҳамчунин таомҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва ба меҳмонон пешниҳод шуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ шоми 27-уми сентябр бо чорабинии консертӣ дар шаршараи “Наврӯзгоҳ” ҷамъбаст мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.