spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Узбекистон кушта шудани як сарбозаш дар марз бо Афғонистонро рад кард

Вазорати умури хориҷии Узбекистон роҷеъ ба хабари оташкушоӣ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ва ҳалокати як марзбони узбек, ки 4 май паҳн шуд, изҳорот нашр кард.

"Ин хабари паҳншуда ҳақиқат надорад. Вазъ дар марзҳои кишвар ором боқӣ мемонад ва муҳофизати марзҳои ҷанубии кишвар тибқи маъмулӣ идома дорад", – омадааст дар изҳорот.

Намояндаи расмии ҳукумати муваққати гуруҳи Толибон дар Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ хабари тирпаронӣ дар марз бо Узбекистонро рад карда, онро дуруғ номидааст.

Ин дар ҳолест, ки шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи ДОИШ рӯзи 18-уми апрел иддао карда буд, ки шаҳри Термизи Ӯзбекистонро мавриди тирборон қарор додааст. 

Амо баъадн ин иддаоро ҳам ҳукумати Ӯзбекистон ва ҳам гуруҳи "Толибон" рад карданд.

Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, бо интишори твите партоб шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Термизи Ӯзбакистонро овоза хонд ва рад кард.

Ҳукумати Узбекистон ҳам он замон, иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ҳуҳуди кишвараш рад кард.

Сухангӯи президенти Узбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гуё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонд.

Ӯ дар Телеграм навишта буд: “Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Узбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат намегирад ва вазъ ором мебошад.”

Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон аз сокинони он кишвар хостааст, “ба хабару овозаҳои беасос” бовар накунанд.

Дар Вазорати дифои Узбекистон низ гуфтаанд, хабари мушакборон шудани марзбонон дар Тирмиз “ҳақиқат надорад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...