Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид

Дастаҳои мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябр бозии дӯстона анҷом намедиҳанд. Дар Душанбе изҳор намуданд, ки онҳо даъвати ҷониби Русияро дарёфт карда, аммо барои ин рӯзҳо мунтахаби Тоҷикистон аллакай барои бозӣ бо дигар дастаҳо гуфтушунид кардааст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад. Сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба нашрияи Sport24 сабаби дар […]

Asia-Plus

Дастаҳои мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябр бозии дӯстона анҷом намедиҳанд. Дар Душанбе изҳор намуданд, ки онҳо даъвати ҷониби Русияро дарёфт карда, аммо барои ин рӯзҳо мунтахаби Тоҷикистон аллакай барои бозӣ бо дигар дастаҳо гуфтушунид кардааст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба нашрияи Sport24 сабаби дар моҳи ноябр баргузор нашудани бозии дӯстона бо Русияро чунин шарҳ додааст:

“Дар моҳи июл Иттифоқи футболи Русия (РФС) ба мо номаи расмӣ фиристода, пешниҳод намуд, ки дар яке аз танаффусҳои моҳҳои сентябр, октябр ё ноябр дар Русия бозии дӯстона анҷом диҳем. Моҳи сентябр мо дар як мусобиқа дар Малайзия иштирок кардем, ин моҳ ба мусобиқаи Ҷоми Шоҳигарӣ ба Таиланд меравем ва моҳи ноябр низ рақибони дигар дорем. Ғайр аз ин, дар моҳи ноябр мо танҳо бозиҳои хонагиро ба нақша гирифтаем, аммо ҷониби Русия бозӣ дар қаламрави Русияро пешниҳод кард. Аз ин рӯ, нақшаҳо мувофиқ наомаданд.

Ҳоло мо дар мавриди бозиҳои дӯстона бо дигар кишварҳо гуфттушунид дорем. Дар моҳи марти соли оянда аввалин бозии интихобии мо ба Ҷоми Осиё баргузор мешавад ва мунтахаби Тоҷикистон ба он ҷиддан омодагӣ мегирад. Аз ин рӯ, пас аз дарёфти номаи ҷониби Русия дар моҳи июл, мо фавран дар бораи ғайриимкон будани баргузории вохӯрӣ хабар додем. Вале мо изҳор доштем, ки омодаем дар бораи вақтҳои дигар, лекин на имсол, балки эҳтимол дар соли оянда гуфтушунид кунем”, – иброз дошт Фаридун Солиев.

Ёдрас мекунем, ки охирин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуда, бо натиҷаи 0:0 ба поён расид.

Қаблан зикр гардида буд, ки дастаи мунтахаби Покистон низ аз бозии дӯстона бо Русия, ки барои моҳи октябр ба нақша гирифта шуда буд, даст кашид. Дар Федератсияи футболи Покистон изҳор намуданд, ки барои омодагӣ ба бозӣ фурсат намеёбанд, вале барои барои бозӣ дар моҳи ноябр изҳори омодагӣ карданд. Ҳамчунин хабарҳо буданд, ки дастаи Танзания низ бозӣ бо мунтахаби Русияро рад кардааст.

Айни замон мунтахаби Русия барои бозии дӯстона рақиби тасдиқшуда надорад. Тибқи иттилои пешинаи нашрияи Sport24, Русия ва Туркманистон пешакӣ мувофиқа ҳосил намуда, бозӣ метавонад 15 ноябр дар шаҳри Москва баргузор шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио