Дар Варзоб як ҷавони 26-сола мошини падарашро оташ зад

Date:

Дар ноҳияи Варзоб як ҷавони 26-сола ба оташзании автомашинаи падараш гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора дар гузориши видеоии ВКД “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад.

Дар гузориш гуфта мешавад, сокини Чорбоғ ба милитсия муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки шахси номаълуме мошини ӯ – тамғаи Toyota Camry-ро дар ҳавлии хонааш оташ задааст.

Дар ҷарааёни чорабиниҳои фаврӣ гумонбари ин амал боздошт мешавад, ки писари ӯ, Сорбон Гулови 26-сола, сокини Леваканти вилояти Хатлон будааст.

“Сабаби оташзанӣ норозигии писар будааст, зеро падараш ба ваъдаи харидани мошин ба ӯ вафо накарда, бо оташзании мошин писараш аз ӯ қасос гирифтан мехостааст”, – зикр мешавад дар гузориш.

Тавре ки дар ВКД зикр мекунанд, ҳарчанд автомашина аз оташ пурра насӯхта бошад ҳам, зарари расида 11,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нисбати Гулов мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ (“Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...