Размикори тоҷик бо роҳи ғайриодӣ метавонад ба мусобиқаҳои UFC роҳ ёбад

Размикор аз Тоҷикистон ба нишасти матбуотии UFC омада, бевосита аз Дана Уайт дархост намуд, ки бо ӯ қарордод ба имзо расонад. Размикори тоҷики ММА Доробшоҳ Наботов бо парвонаи рӯзноманигорӣ ба нишасти матбуотӣ пеш аз мусобиқаи UFC 308 дар Абу-Даби ворид шуда, ба роҳбари Лига Дана Уайд савол дод. Наботов изҳор намуд, ки агар касе аз […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикор аз Тоҷикистон ба нишасти матбуотии UFC омада, бевосита аз Дана Уайт дархост намуд, ки бо ӯ қарордод ба имзо расонад.

Размикори тоҷики ММА Доробшоҳ Наботов бо парвонаи рӯзноманигорӣ ба нишасти матбуотӣ пеш аз мусобиқаи UFC 308 дар Абу-Даби ворид шуда, ба роҳбари Лига Дана Уайд савол дод. Наботов изҳор намуд, ки агар касе аз иштирокчиён хориҷ шавад, омода аст рақобат кунад.

"Ман размикори мағлубнашуда аз Тоҷикистон ҳастам, – гуфт Наботов микрофонро ба даст гирифта. – Дана, ман саволе надорам, барои рақобат кардан дар кӯтоҳтарин муддат омадам. Ҳеҷ гоҳ менеҷер надоштам, ҳама чизро худам ҳал мекардам. Дана, лутфан, ба ман як имконият (шанс) деҳ. Ман омодаам!".

– Пештар куҷо будӣ? Мо ҳоло силсилаи довталабонро ба анҷом расонидем, – посух дод ба ӯ Уайт.

Ҳамчунин Уайт аз Наботов пурсид, ки чандсола асту чӣ натиҷаҳо дорад. Баъд роҳбари UFC ӯро даъват карда, назди ноиби президенти лига Хантер Кэмпбелл бурд. Сипас онҳо тамосҳо (рақамҳои телефон)-и худро ба ҳамдигар доданд.

Доробшоҳ қарордод гирифт, аммо барои иштирок дар мусобиқаи интихобӣ барои UFC — дар DWCS (Силсилаи довталабони Дана Уайт). Наздиктарин чунин мусобиқа 14 декабр дар Корея баргузор мешавад. Дар сурати пирӯзӣ, размикор метавонад шартномаи UFC-ро ба даст орад.

Доробшоҳ Наботов 25-сола аст. Вай дар вазни сабук ҳунарнамоӣ мекунад. Устоди варзиши ММА, панкратион ва самбои ҷангист.

Варзишгар 31 январи соли 1999 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб Доробшоҳ ба Челябинск кӯчида, дар он ҷо ҷиддӣ ба ММА машғул шуд ва ба машқу тамрин дар толор оғоз кард.

Дар муддати фаъолияти худ дар UFC ӯ 9 рақобат гузаронида, дар ҳамаи онҳо (4-тояш пеш аз муҳлат) ғолиб омадааст. Доробшоҳ дар лигаҳои ACA Young Eagles, Ural FC, AMC Fight Nights ҳунарнамоӣ кардааст.

Соли 2017 Наботов қаҳрамони Русия аз рӯи панкратион гардида, соли 2019 дар чемпионати Аврупо оид ба ММА, ки дар Рим (Италия) доир гардид, пирӯз шуд. Соли 2020 варзишгар дар чемпионати минтақаи Урал аз рӯи самбои ҷангӣ медали тилло гирифт. Соли 2019 Доробшоҳ дар чемпионати ҷаҳон оид ба ММА дар Манама (Баҳрайн) ҳунарнамоӣ карда, аммо дар даври аввал мағлуб шуд.

Дар ММА-и касбӣ Наботов бори аввал 13 январи соли 2018 дар мусобиқаи Samara MMA Federation: Battle on the Volga 2 рақобат карда, дар қувваозмоӣ бо Гаджиаҳмад Бабаев бо қарори доварон ғолиб дониста шуд.

Аз соли 2021 ӯ ба таври мунтазам дар мусобиқаҳои касбӣ ҳунарнамоӣ намуда, натиҷаи варзиши худро то нишондиҳандаи хуби 8-0 расонид. Рӯзи 10 ноябри соли 2023 ӯ бо қарори доварон бар Мурад Билалов ғолиб омада, пас аз он дигар ҳунарнамоӣ накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.