Боздошти ду нафар бо иттиҳоми муомилаи маводи нашъадор дар Душанбе

Пулиси пойтахт дар се рӯзи охир аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми муомилаи маводи мухаддир иттилоъ дод. Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки Шарофзода Мансур, як сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми муомилаи маводи нашъадор боздошт кардааст. Зимни кофтуков аз номбурда 70-дона ҳабҳои экстазӣ дарёфту мусодира кардааст. Ҳамчунин, ду рӯз пештар, пулиси пойтахт як мардро […]

Asia-Plus

Пулиси пойтахт дар се рӯзи охир аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми муомилаи маводи мухаддир иттилоъ дод.

Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки Шарофзода Мансур, як сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми муомилаи маводи нашъадор боздошт кардааст. Зимни кофтуков аз номбурда 70-дона ҳабҳои экстазӣ дарёфту мусодира кардааст.

Ҳамчунин, ду рӯз пештар, пулиси пойтахт як мардро бо гумони ба муомила баровардани маводи мухаддир боздошт ва аз ӯ 3 кило "Метаамфитамин" мусодира карда буд.

Раёсати ВКД дар Душанбе, аз ин мард, ки гуфта мешавад, сокини ноҳияи Фархор аст, Тешабоев Б. ном бурдааст. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ "ин воситаҳои нашъадорро ба қисмҳои хурд ҷудо намуда, мехост ба дигар ҷавонон ба фурӯш гузорад".

Аммо маълум нест, ки боздоштшуда ин миқдори маводи мухаддирро аз куҷо дастрас кардааст.

Пулиси пойтахт мегӯяд, ҳоло Тешабоев дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бар зидди ӯ бо бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи кодекси ҷиноӣ вобаста ба бандҳояш аз 5 то 20 соли зиндонрро пешбинӣ мекунад.

Маълум нест, ки боздоштшудагон ва наздикону пайвандонашон ба ин қазия чӣ назар доранд.

Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин ҳолати боздошти гумонбарон барои фурӯши маводи мухаддир дар моҳи ҷорӣ аст. Чанд рӯз пештар пулиси Хатлон се нафар нафарро бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ боздошт карда, навишт, ки аз онҳо беш аз 25 кг маводи мухаддир мусодира кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.