Мусодираи 25 кг маводи мухаддир. Пулиси Хатлон се нафарро бо гумони нашъаҷалобӣ боздошт кардааст

Пулиси Хатлон се нафар нашъаҷалобро дар Душанбе боздошт ва аз онҳо беш аз 25 кг маводи мухаддир мусодира кардааст. Дар ин бора бо нашри гузориш Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод. Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, яке аз се нафар боздоштшудаҳо, ки аз ӯ саркардаи гурӯҳ ва Кадиров Маҳмадалӣ ном бурдаанд, бо гурӯҳҳои […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Пулиси Хатлон се нафар нашъаҷалобро дар Душанбе боздошт ва аз онҳо беш аз 25 кг маводи мухаддир мусодира кардааст. Дар ин бора бо нашри гузориш Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод.

Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, яке аз се нафар боздоштшудаҳо, ки аз ӯ саркардаи гурӯҳ ва Кадиров Маҳмадалӣ ном бурдаанд, бо гурӯҳҳои нашъҷалоби Афғонистон робита дошта, маводи мухадирро аз он ҷо дастрас кардааст.

Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки чӣ гуна ва аз кадом роҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи мухаддир ворид шудааст.

Гумон аст, ки маводи мухаддир ба воситаи вилояти Хатлон ба Тоҷикистон ворид шудааст ва аз ин рӯ пулиси Хатлон гумонбаронро дар Душанбе боздошт кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, боздоштшудаҳо иқрор шуданд, ки воситаҳои нашъадорро мехостаанд ба вилояти Суғд бурда, дар он ҷо ба фурӯш бароранд.

Аммо худи гумонбарон дар навори нашршуда дар ин робита иқрор накардаанд.

Гуфта мешавад, аз онҳо 22 килову 645 грам ҳашиш ва 2 килову 900 грам афюн дарёфт шудааст.

РВКД дар Хатлон мегӯяд, Кадиров Маҳмадалӣ писари ноболиғи худро ҳам ба ин кор ҳамроҳ кардааст. Ҳамдасти дигари онҳо Раҳмонбердиев Эгамбердӣ, сокини шаҳри Истаравшан будааст.

Пулис бар зидди онҳо бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир (моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба бандҳояш аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, назари боздоштшудаҳо ва наздикону пайвандонашон ба ин қазия дастрас нест.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомот дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобонро боздошт карда буданд. Гуфта мешуд, зимни боздошт аз онҳо 50 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи наъаовари ҷусмҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Қисми зиёди ин мавод – беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Маводи муххадир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.