Майя Санду бори дигар президенти Молдова интихоб шуд

Date:

Раиси ҷумҳури ғарбгарои Молдова Майя Санду дар интихоботи президентии ин кишвар пирӯз эълон шуд ва курсии худро барои чор соли дигар ҳифз кард.

Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентии Молдова, ки дирӯз, 3-юми ноябр баргузор шуд, бо касби 55 дарсади раъй рақиби худ Александр Стояноглоро, ки 45 дарсад овоз гирифт, шикаст дод. Александр Стояногло ҷонибдори равобити наздиктар бо Русия аст.

Майя Санду ғолиябити худро эълон карда, ба интихобкунандагон ташаккур гуфт ва ваъда дод, ки “президент барои ҳама” хоҳад буд.

Майя Санду ва Александр Стояногло аз ҷонибдорони худ хостанд, ки новобаста ба натиҷаи интихобот дар кишвар сулҳу субот оромӣ нигоҳ дошта шавад.

Бояд гуфт, даври аввали интихоботи президенти дар Молдова 20-уми октябр баргузор шуд. Он вақт Санду 42,3 ва Стояногло 26 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...