ВКД Қирғизистон: “Аз ғасби ҳокимият ва ташкили бетартибӣ пешгирӣ шуд”

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, як гуруҳро бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ бо нияти ғасби ҳокимият боздошт намуданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ будаанд. “Аз ҷониби кормандони Сарраёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар бораи омодасозии як гурӯҳи муайян барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ноором кардани вазъияти иҷтимоию сиёсӣ маълумот дастрас карда шуд. Тибқи маълумоти гирифташуда, […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, як гуруҳро бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ бо нияти ғасби ҳокимият боздошт намуданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ будаанд.

“Аз ҷониби кормандони Сарраёсати кофтукови ҷиноии ВКД дар бораи омодасозии як гурӯҳи муайян барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ноором кардани вазъияти иҷтимоию сиёсӣ маълумот дастрас карда шуд. Тибқи маълумоти гирифташуда, ин гурӯҳи муташаккил бо мақсади ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ҳокимият таъсис дода шудааст. Ба ҳар як узви гурӯҳ нақшҳо (ташкилкунандагон, ёварон, сармоягузорон, иҷрокунандагон) тақсим карда шудаанд”, – менависад ВКД-и Қирғизистон.

Ба иттилои ин ниҳод, ин гурӯҳ ният доштааст, ҳангоми баргузории бозиҳои варзишӣ дар канори Бишкек “мардумро ба амалҳои зӯроварӣ даъват намуда, бо шиорҳои зиддиконститутсионӣ вазъиятро ноором созанд ва замина барои ғасби ҳокимият дар рӯзи баргузории интихоботи маҳаллӣ, ки 17-уми ноябри соли 2024 дар назар аст, фароҳам оваранд”.

Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ 7 узви гурӯҳ, аз ҷумла се шаҳрванди хориҷӣ (шаҳрвандони кадом давлат зикр нашудааст) боздошт шуданд. Зикр мегардад, ки ду нафар аз хориҷиён таҷрибаи иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлати дигарро доранд. Аммо кадом давлатҳо дар назар аст, зикр намешавад.

Аз боздоштшудаҳо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, маводи мухаддир, инчунин “1000 шиша арақ барои маст кардани издиҳом, 2000 шиша оби маъданӣ, 1 тонна биринҷ, 1 асп барои куштан ва маҳсулоти барои пухтани палав барои иштирокчиёни бетартибиҳои оммавӣ” мусодира карда шудааст.

Алайҳи боздоштшудагон бо моддаҳои 278 (Омодагӣ барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ), 261 (Ташкили гурӯҳи муташаккил), 263 (Сармоягузории гурӯҳи муташаккил), 326 (Суиқасди ғасби ҳокимият) ва 256 (Иштироки шаҳрванди Қирғизистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлати хориҷӣ)-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парванда боз шудааст.

Ҳамаи онҳо то 10-уми январи соли 2025 ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Таҳқиқ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли ҷорӣ низ мақомоти амнияти Қирғизистон аз ифшои як гурӯҳи ҷиноӣ хабар дода, зикр кард ки онҳо нақша доштанд, бо ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ҳокимиятро ғасб кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.