Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад

Пастшавии эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон  идома дошта, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба 148,8 банд расид. Дар моҳи сентябр ин нишондиҳанда 149,6 бандро ташкил медод. Дар ин бора дар таҳқиқоти ҳармоҳаи макроиқтисодии Freedom Finance Global маълумот дода мешавад. Коҳиши эътимод асосан ба бадшавии шароит барои харидҳои калон вобаста аст, ки ба пасттарин сатҳи панҷмоҳа расидааст. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пастшавии эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон  идома дошта, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба 148,8 банд расид. Дар моҳи сентябр ин нишондиҳанда 149,6 бандро ташкил медод. Дар ин бора дар таҳқиқоти ҳармоҳаи макроиқтисодии Freedom Finance Global маълумот дода мешавад.

Коҳиши эътимод асосан ба бадшавии шароит барои харидҳои калон вобаста аст, ки ба пасттарин сатҳи панҷмоҳа расидааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар сатҳи эътимоди истеъмолкунандагон дар Осиёи Марказӣ пешсаф боқӣ монда, дар дигар соҳаҳо хушбинӣ (оптимизм)-и умумии муътадил ба мушоҳида мерасад.

Камшавии харидҳои калон

Камшавии зиёдтарин дар шароит барои харидҳои калон арзёбӣ мешавад. Нишондиҳанда 13,4 банд поин рафта, ба 81,7 расидааст. Танҳо 40% пурсидашудагон шароитро мусоид медонанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи сентябр 5,6% камтар аст.

Поинравӣ тамоми гурӯҳҳои синнусолиро фаро гирифтааст, бахусус шахсони синнашон аз 60 боло ва дар доираи 30 то 44-сола. Ягона гурӯҳе, ки дар он хушбинӣ боқӣ мемонад, ҷавонони то 29-сола мебошанд. Дар ин гурӯҳ 44,9% вазъиятро мусбат арзёбӣ кардаанд.

Эътимод ба иқтисод зиёд мешавад

Сарфи назар аз камшавии харидҳои калон, арзёбии вазъи иқтисодӣ беҳтар шудааст: хушбинӣ нисбати иқтисод аз 168,8 то ба 173,6 банд боло рафтааст, ки дуюмин нишондиҳандаи баландтарин дар соли 2024 мебошад. 85% пурсидашудагон бо рӯҳияи хушбинона назар додаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи сентябр 4,2% бештар аст.

Пурсидашудагони синнашон аз 30 то 44-сола назари зиёдтарини хушбинонаро нишон дода, 90,5%-и насли калонсол низ ба иқтисод сатҳи баланди эътимод доранд.

Поинравии интизориҳо аз таваррум

Моҳи октябр боиси беҳтар шудани назари мардум ба таваррум гардид: ҳиссаи пурсидашудагон, ки болоравии назарраси нархҳоро зикр карданд, аз 27,3% то ба 23,9% кам шудааст. Дар фосилаи 12 моҳи оянда, интизориҳои болоравии нархҳо аз 31,2% то ба 26,6% коҳиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, нигаронӣ аз болоравии нарх ба маҳсулоти асосӣ, аз қабили гӯшту равған ва орд боқӣ мондааст: ҳиссаи онҳое, ки афзоиши нархи гӯштро зикр кардаанд, ба 58,1% расидааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар панҷ моҳи охир аст.

Интизориҳо аз беқурбшавии пул устувор боқӣ мемонанд

Тақрибан 18,7% пурсидашудагон интизоранд, ки сомонӣ дар моҳи наздик заиф мешавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи сентябр 2,9% бештар аст. Дар сатҳи солона интизориҳо аз 24,5% то ба 23,1% поин рафтаанд. Дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, қурби сомонӣ устувор боқӣ монда, интизориҳои манфиро аз беқурбшавии пул нигоҳ медорад.

Бо вуҷуди ин, сокинони Тоҷикистон ба иқтисод эътимод доранд, ҳарчанд таваррум ва беқурбшавии пул ҳанӯз ҳам аз нигарониҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.

Вазъ дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?

Дар Қазоқистон шохис (индекс)-и эътимод пайдарпай давоми ду моҳ боло рафта, ба 104,5 банд расидааст, ҳарчанд интизориҳо аз беқурбшавии пул боло мераванд — беш аз 59% пурсидашудагон поинравии қурби тангаро пешбинӣ мекунанд.

Дар Ӯзбекистон сатҳи эътимоди истеъмолкунандагон то 132,5 банд боло рафта, аммо интизориҳо аз таваррум муътадил боқӣ мондаанд.

Дар Қирғизистон, сатҳи эътимод то 137,2 банд поин рафта, сокинон аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ нигаронанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.