Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд

Дар Тайиланд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) баргузор шуд. Дар он қаиқронон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар масофаҳои 3400 ва 10000 метр барои медалҳо рақобат карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарон Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Бобоҷон Бобоҷонов ва Фирдавс Шарипов иборат буд. Ҳамчунин ба ҳайат раиси Федератсияи қаиқронии […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Тайиланд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) баргузор шуд. Дар он қаиқронон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар масофаҳои 3400 ва 10000 метр барои медалҳо рақобат карданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарон Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Бобоҷон Бобоҷонов ва Фирдавс Шарипов иборат буд.

Ҳамчунин ба ҳайат раиси Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов, мураббиён Зоҳирҷон Набиев ва Азизҷон Бобоҷонов шомил буданд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ҳамагӣ 7 медал – 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Амирҷон Бобоҷонов дар масофаи 3400 ва 10000 метр байни калонсолон пирӯз шуд. Бобоҷон Бобоҷонов дар масофаи 3400 метр байни калосолон зинаи 3-юм ва дар масофаи 10000 метр – мақоми 2-юмро касб кард.

Ба гирифтани боз 1 медали тилло Муҳаммадӣ Раҷабов дар масофаи 10000 метр байни ҷавонон ва 2 медали биринҷӣ дар масофаҳои 3400 метр ва 10000 метр байни наврасон Фирдавс Шарипов даст ёфтанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар Самарарқанд Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) баргузор шуда, дар 400 варзишгар аз 57 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Мусобиқаҳои чемпионат дар ягона канали қаиқронӣ дар Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, дар он барои дарёфти 20 маҷмӯи медалҳо (10-то дар қаиқронӣ ва 10-то дар қаиқронӣ дар каноэ) рақобат сурат гирифт. Мутааасифона, намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти медалҳо ноил нагардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.