Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт

Субҳи имрӯз, 28-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин ниҳод, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 28-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ имрӯз, 28-уми ноябр, дар шаҳри Остона баргузор мешавад. Дар он роҳбарони панҷ кишвари аъзои СААД -Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Беларус барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими амниятӣ иштирок мекунанд.

Арманистон, шашумин кишвари аъзои ин паймон пештар эълом карда буд, ки узвияти худро боздошта, нақша дорад паймонро тарк кунад. Роҳбарияти ин кишвар иддао доранд, ки СААД дар муноқишаи Арманистон бо Озарбойҷон аз мавқеи онҳо ба таври зарурӣ ҳимоят накард.

Таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон низ аз ҷумлаи масоили баррасишавандаи ин ҳамоиш мебошад.

Ҳамчунин, сарони давлатҳои аъзо омодагӣ ба таҷлили ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро баррасӣ хоҳанд кард.

Соли оянда раёсати СААД ба зиммаи Қирғизистон вогузор мешавад ва дар назар аст, дар ҳамоиши Остона ин кишвар нақшаву барномаҳояшро муаррифӣ намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.