Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандӣ (рейтинг)-и нави мунтахаби кишварҳоро нашр кард. Мувофиқи маълумоти он, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафта, акнун бо 1203,08 балл дар мақоми 104-ум қарор дорад. Байни мунтахабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ футболбозони тоҷик дар зинаи 2-юм қарор доранд. Ӯзбекистон дар зинаи 58-ум, Қирғизистон – 107-ум, Қазоқистон – 110-ум ва Туркманистон – […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандӣ (рейтинг)-и нави мунтахаби кишварҳоро нашр кард. Мувофиқи маълумоти он, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафта, акнун бо 1203,08 балл дар мақоми 104-ум қарор дорад.

Байни мунтахабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ футболбозони тоҷик дар зинаи 2-юм қарор доранд. Ӯзбекистон дар зинаи 58-ум, Қирғизистон – 107-ум, Қазоқистон – 110-ум ва Туркманистон – 143-юм ҷойгир шудаанд.

Радабандии ФИФА 201 дастаҳои мунтахабҳоро дар бар мегирад. Пешсафи радабандӣ мунтахаби Аргентина буда, дар зинаҳои дуюму сеюм мунтахабҳои Фаронса ва Испания қарор доранд.

Байни кишварҳои қораи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 17-ум ҷойгир аст. Ин ҷо Ҷопон пешсаф буда, зинаи 15-уми худро дар ҷаҳон нигоҳ дошт. Дар сегонаи аввал – Эрон (18-ум дар ҷаҳон) ва Кореяи Ҷанубӣ (23) ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал Австралия (26-ум дар ҷаҳон), Қатар (48), Ироқ (56), Ӯзбекистон (58), Арабистони Саудӣ (59), Амороти Муттаҳидаи Араб (63) ва Урдун (64) шомиланд.

Мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона гузаронида, бар дастаҳои Непал бо ҳисоби 4:0 ва Афғонистон – 3:1 дастболо шуд. Радабандии навбатии ФИФА 12 декабр ба нашр мерасад.

10-гона (Топ-10)-и аввали дастаҳо дар радабандии ФИФА:

1 (1). Аргентина – 1867.25;

2 (2). Фаронса – 1859.78;

3 (3). Испания – 1853.27;

4 (4). Англия – 1813.81;

5 (5). Бразилия – 1775.85;

6 (7). Португалия – 1756.12;

7 (8). Нидерланд – 1747.55;

8 (6). Белгия – 1740.62;

9 (9). Италия – 1731.51;

10 (11). Олмон – 1703.79.

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): Украина – 25; Русия – 34; Ӯзбекистон – 58; Гурҷистон – 68; Беларус – 98; Арманистон – 100; Тоҷикистон – 104; Қирғизиситон – 107; Қазоқистон – 110; Озарбойҷон – 117; Эстония – 123; Латвия – 140; Литва – 142; Туркманистон – 143 ва Молдова – 151.

Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2024 – зинаи 99-ум пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар давраи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар ба қайд гирифта шудааст. Беҳтарин нишондиҳандаи дуюми Тоҷикистон дар радабандии дастаҳои мунтахаб – зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 мебошад, ки дар ин сол мунтахаби кишвар 40 зина боло рафта буд.

Бадтарин натиҷаи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар соли 2003-юм – зинаи 180-ум мебошад. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм – зинаи 168-ум байни 207 даста сабт шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст