Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст

Нархи сӯзишвориро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муқоиса кардем Нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 2,9% боло рафт. Дар ин бора Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Дар моҳи октябр ба иттилои Агентӣ, поинравии нархи чаканаи бензин ба андозаи 0,4% ба қайд гирифта шуд. Айни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархи сӯзишвориро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муқоиса кардем

Нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 2,9% боло рафт. Дар ин бора Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар моҳи октябр ба иттилои Агентӣ, поинравии нархи чаканаи бензин ба андозаи 0,4% ба қайд гирифта шуд.

Айни замон нарх дар минтақаҳо тариқи зайл аст:

Нархи бензин дар саросари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ҳудуди 11 сомонӣ (1,03 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Global Petrol Prices, дар рӯзи 18 ноябр нархҳои миёна ба бензин дар дигар кишварҳо Осиёи Марказӣ чунин буданд:

 

Дар куҷо бензин гаронтарину дар куҷо арзонтарин аст?

Дар Русия 1 литр бензин ба ҳисоби миёна 0,59 доллар ва дар Афғонистони ҳамсоя – 0,89 доллар нарх дорад.

Бензин аз ҳама арзонтар дар ин кишварҳо фурӯхта мешавад:

Нархи баландтарини бензин дар ин кишварҳо ба қайд гирифта шудааст:

Арзиши бензин дар саросари ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1,25 долларро ташкил медиҳад.

Коршиносони Global Petrol Prices зикр мекунанд, ки дар кишварҳои доро нархи бензин баландтар буда, дар кишварҳои камбизоат ва давлатҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи нафт –  нисбатан пасттар аст. Ягона истисно ИМА – кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушдёфта бо нархҳои пасти бензин мебошад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ба нархи бензин андоз ва кумакпулиҳо таъсир мерасонанд.

 

Тоҷикистон чӣ қадар бензин мехарад?

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 173,1 млн доллар ҳудуди 238 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст. Нархи ҳар як тоннаи бензини воридшуда ба ҳисоби миёна 728 долларро ташкил додааст. Бензин ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия оварда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки байни Русия ва Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ, мазут, битум ва омехтаҳои битум амал мекунад.

Ҳамасола кишварҳо сари тавозуни индикативӣ, ки рушди иқтисоди ҷумҳуриро ба инобат мегиранд, ба мувофиқа мерасанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2013 интиқоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ аз Русия ба Тоҷикистон бар асоси имтиёз, бидуни пардохти боҷи гумрукӣ сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио