Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд

Date:

Барои гиромидошти номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи овозхон номгузорӣ шуд. Дар ин робита  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул кардааст.

Давлатманд Холов, ки 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омадааст, дар тӯли умри худ ба санъати мусиқии тоҷик хидматҳои арзанда кардааст.

Ӯ соли 1978 шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намуда, баъдтар дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ва ансамбли давлатии "Фалак" кор кардааст.

Дар солҳои фаъолияти эҷодиаш, Давлатманд Холов қариб ба 100 мамлакат сафар карда, беш аз 150 консерт баргузор намудааст. 

Ӯ яке аз тарғибгарони санъати тоҷик – Фалак ба шумор меравад. 

Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ буд.

Ӯ дар эҷодиёти хеш оҳангҳои зиёди руҳбахш офарид ва мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷ бахшид.

Моҳи феврали имсол дар 74-солагӣ Давлатманд Холов дар Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...