Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст

Date:

Мутахассисони Агентии қарзиву таҳлилии Русия (АКРА) чунин мешуморанд, ки барои Чин дар Осиёи Марказӣ ду самти муҳим вуҷуд дорад: сохтани долонҳои нақлиётӣ дар доираи ташаббуси "Як камарбанд — як роҳ" ва гуногунсозӣ (диверсификатсия)-и роҳҳои дастрасӣ ба манбаъҳои табиӣ.

Дар таҳқиқоти АКРА таҳти унвони "Миёни Шарқу Ғарб" гуфта мешавад, ки Чин барои расидан ба ин ҳадафҳо маблағгузории хориҷиро пешниҳод мекунад, ки маъмулан нисбат ба қарзҳои бозорӣ арзонтар аст.

“Бонки содироту воридот (Экспортно-импортый банк)-и Чин ба Тоҷикистон 18 қарз пешниҳод кардааст, ки фоизи онҳо аз 2 то 2,5%, муҳлати имтиёзнок 5, 7 ё 9 сол ва муҳлати умумии қарз 25 солро ташкил медиҳад”, – зикр мекунанд муаллифони гузориш бо такя ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон.

Онҳо таъкид месозанд, ки ташаббуси "Як камарбанд — як роҳ" ба тавсеаи роҳҳои тиҷорати хориҷии Чин ва васлшавии бештари он ба бозори Ғарб равона шудааст.

«Тавсеаи роҳҳои заминӣ тавассути Осиёи Марказӣ — долони анъанавии нақлиётӣ миёни Шарқу Ғарб — яке аз самтҳои калидии татбиқи ин ташаббус мебошад. То имрӯз нуқтаҳои гумрукӣ дар марзи Чин бо Қазоқистон васеъ карда шуда, дар Қирғизистону Тоҷикистон роҳҳо бунёд мегарданд», — мегӯянд коршиносон.

Ба ақидаи онҳо, иқтисоди дар ҳоли рушди Чин ба захираҳое, ки кишварҳои минтақа доранд, аз ҷумла нафту газ, маъданҳо, уран, мис, тилло ва дигар канданиҳо, ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, бо коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисоди Чин ва афзоиши хавфҳои дохилӣ, талабот ба ин захираҳо дар давраи миёнамуддат метавонад устувории худро аз даст диҳад.

Тибқи арзёбии муаллифони таҳқиқот, вобастагии молиявии кишварҳои минтақа аз Чин дар ҳоли афзоиш буда, агар он барои Қазоқистону Ӯзбекистон ҳанӯз чандон зиёд нест, аммо Тоҷикистон аллакай дар пардохти қарзҳои худ ба Чин душворӣ мекашад. 

“Дар соли 2019 Тоҷикистон барои пардохти як қисми қарзи давлатӣ ҳуқуқи истифодаи ду кони тиллоро ба як ширкати Чин супурд”, – хотиррасон мешавад дар гузориш.

Коршиносони АКРА зикр мекунанд, ки сатҳи робитаҳои Чин бо кишварҳои минтақа низ дар ҳоли афзоиш аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Робитаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин

Онҳо таъкид мекунанд, ки дар доираи ҳамоишҳои мунтазами ҳамкории “Чин – Осиёи Марказӣ”, ки аз соли 2013 баргузор мешаванд, кишварҳоро мансабдорон ва намояндагони тиҷорат маррифӣ мекарданд.

“Аммо соли 2023 форум барои аввалин бор дар сатҳи роҳбарони давлатҳо баргузор шуд. Дар ҳамоиши аввалин дар шаҳри Сиан, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба кишварҳои минтақа кумак барои таъмини амнияти дохилӣ ва мудофиаи миллӣ пешниҳод кард”, – гуфта мешавад дар таҳқиқот.

Дар он таъкид мешавад, ки минтақа ҳарчи бештар ба савдои байнулмилалӣ ҷалб шуда, талабот аз хориҷа барои захираҳои минтақа (газу нафт, уран, тилло ва фулузот (металлҳо)-и нодир) меафзояд.

“Баҳри густариши ҳамкорӣ бо Чин ва пешбурд тариқи занҷираи арзиши иловашуда, ба кишварҳои минтақа таъсиси корхонаҳо бо Чин барои истеҳсоли маҳсулоти бештар дорои арзиши иловашудаи баланд, инчунин дастрасӣ ёфтан ба технологияҳо ва баргузории корҳои муштараки илмӣ мантиқан дуруст мебуд”, – хулоса мекунанд коршиносони АКРА.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...