Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд

Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2025 ба андозаи 281,9 млн сомонӣ (25,8 млн доллар) зиёд шуда, 473 млн сомонӣ (43,3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 24 декабр раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ хабар дод. Зимни ҷаласа […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2025 ба андозаи 281,9 млн сомонӣ (25,8 млн доллар) зиёд шуда, 473 млн сомонӣ (43,3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 24 декабр раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ хабар дод.

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки тайи 3 соли ахир ба иқтисоди минтақа зиёда аз 5 млрд сомонӣ (457 млн доллар) маблағ ҷалб шуд, ки 3 млрд сомонӣ (274 млн доллар)-и он тариқи форуми “Помиринвест” ворид шудааст.

Дар ин давра дар ВМКБ сохтмони 892 иншоот ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ (109,8 млн доллар) ба итмом расонида шудааст. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 300 млн сомонӣ (27,4 млн доллар) расидааст, ки 89 млн сомонӣ (8,1 млн доллар) зиёдтар нисбат ба як соли пешин мебошад.

Дар иҷлосияи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохтории мавриди амал дар минтақа, аз ҷумла сохтмони қитъаи роҳи мошингарди  Душанбе – Хоруғ – Кулма, пул дар Хоруғ, роҳи автомобилгард дар ноҳияи Шуғнон ва неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа баррасӣ шуд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо ба 3,7 млрд сомонӣ (338,4 млн доллар) баробар аст.

Раиси минтақа муҳим будани тақвияти кори идеологӣ ва ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонон, масоли бунёди иншооти нав ва ободони минтақаро таъкид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.