Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”

Date:

Соли 2024 дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” 366 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи мухаддир ошкор гардида, дар натиҷаи он 1 тоннаю 208 кг маводи нашъадор мусодира шудааст. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растании нашъаовари худрӯй сӯзонида, нобуд карда шудаанд.

Ин мусодира, ошкор кардани ҷиноят ва нобудсозии растаниҳои нашъаовари худрӯй дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” аз ҷониби ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст.

Вале маълум нест, ки дар доираи ин амалиёт чанд нафар барои муомилоти маводи мухаддир боздошту ҷазо дода шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии зиддинашъа, дар зарфи 6 моҳи соли 2024 дар тамоми ҷумҳурӣ ва аз сӯи ҳама сохторҳои қудратӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Қисми зиёди ин мавод – беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Мақомот мегӯянд, маводи мухаддир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон тавассути гурӯҳҳои нашъаҷаллоб интиқол дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...