Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст

Сарвари давлати амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботии президентӣ дар ин кишвар бо натиҷаи 86,82% ғолиб омад. Дар ин бора ба Интерфакс имрӯз дар Комиссияи марказии интихоботи Беларус хабар додаанд. "Маълумоти пешакӣ дар бораи овозҳои додаи интихобкунандагон ба номзадҳо ба мансаби президенти Беларус чунин аст: Гайдукевич Олег Сергеевич – 2,02 %, […]

Asia-Plus

Сарвари давлати амалкунандаи Беларус Александр Лукашенко тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботии президентӣ дар ин кишвар бо натиҷаи 86,82% ғолиб омад. Дар ин бора ба Интерфакс имрӯз дар Комиссияи марказии интихоботи Беларус хабар додаанд.

"Маълумоти пешакӣ дар бораи овозҳои додаи интихобкунандагон ба номзадҳо ба мансаби президенти Беларус чунин аст: Гайдукевич Олег Сергеевич – 2,02 %, Канопатская Анна Анатолевна – 1,86 %, Лукашенко Александр Григоревич – 86,82 %, Сиранков Сергей Александрович – 3,21 %, Хижняк Александр Николаевич – 1,74 %, муқобили ҳама – 3,60 %", – хабар додаанд дар Комиссияи марказии интихобот.

Гуфта мешавад, бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, иштироки умумии интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи президентии Беларус 85,7%-ро ташкил додааст.

Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар дар он бештар аз нисфи интихобкунандагони сабтиномшуда иштирок кунанд. Президент дар сурате интихобшуда шуморида мешавад, ки агар беш аз нисфи иштирокчиёни дар раъйдиҳӣ иштироккарда ба ҷонибдории ӯ овоз дода бошанд.

Ба ҷуз Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 сари ҳокимияти ин кишвар аст, боз инҳо барои мансаби президентӣ рақобат карданд: Олег Гайдукевич (вакили парлумон, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ), Александр Хижняк (раиси Ҳизби ҷумҳуриявии меҳнат ва адолат), Анна Канопатская (собиқ вакили парлумон, номзад ба президентӣ дар интихоботи соли 2020), Сергей Сиранков (котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Беларус).

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дар муддати 10 рӯз – на дертар аз 5 феврал ҷамъбаст мешаванд.

Ба ин тариқ, Лукашенко бори ҳафтум президент интихоб шуда, ба ин васила замони раҳбарии худро ба се даҳсола расонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио