Размикори тоҷик Сарвар Ҳамидов ба промоушени PFL гузашт

Сарвар Ҳамидов (16-0) бо PFL муҳлати ду сол қарордод баст. Размикори тоҷик аз соли 2022 дар ташкилоти Bellator ҳунарнамоӣ мекард. Акнун ин ташкилотро лигаи PFL пурра харида, он аз фаъолият бозмонд. Дар зарфи 3 сол Сарвар дар 3 рақобат дар Bellator қувваозмоӣ карда, ҳамаи ҳарифони худро шикаст дод. Ҳамидов соли 1997 дар Нуробод ба дунё […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Сарвар Ҳамидов (16-0) бо PFL муҳлати ду сол қарордод баст. Размикори тоҷик аз соли 2022 дар ташкилоти Bellator ҳунарнамоӣ мекард. Акнун ин ташкилотро лигаи PFL пурра харида, он аз фаъолият бозмонд.

Дар зарфи 3 сол Сарвар дар 3 рақобат дар Bellator қувваозмоӣ карда, ҳамаи ҳарифони худро шикаст дод. Ҳамидов соли 1997 дар Нуробод ба дунё оомада, дар синни 4-солагӣ оилаашон ба Душанбе кӯчиданд.

Дар пойтахт ӯ гимназияро хатм карда, дар гӯштингирӣ машқ мекард. Соли 2016 донишҷӯи факултаи ииқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии Олтой шуда, ба Барнаул рафт ва дар он ҷо ба муҳорибаҳои омехта шавқу рағбат пайдо кард.

Ба ҳолати моҳи январи соли 2025 натиҷаҳои размикори 27-солаи тоҷик идеалӣ аст: ӯ дар ҳамаи 16 рақобаташ ғолиб омадааст.

Ӯ назди худ вазифа гузоштаааст, ки камарбанди қаҳрамониро ба даст орад ва акнун дар лигаи PFL барои ба ин мақсад расидан талош меварзад.

Рақобати охирини худро Сарвар Ҳамидов 22 июни соли 2024 бо намояндаи Бразилия Марсирли Алвес дар мусобиқаи Bellator Dublin гузаронида, бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд.

Соли 2025 дар промоушени PFL 64 размикор дар вазнҳои гуногун рақобат мекунанд. Ғолибон ба ҷуз унвонҳои қаҳрамонӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор доллар бонус мегиранд. Мувофиқи иттилоияи расмӣ, буҷети умумии соли 2025 20 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.