Муҳаммад Наимов ба панҷгонаи беҳтарин размикорони Осиёи Марказӣ шомил шуд

Date:

Тибқи радабандии ҷории Fightmatrix, 5-гонаи беҳтарин размикорони минтақаи Осиёи Марказӣ дар вазни 66 кг эълон шуд ва размикори тоҷик Муҳаммад Наимов низ ба ин рӯйхат шомил аст.

Дар феҳристи мазкур ӯ дар мақоми дуюм қарор дошта, зинаи аввалро варзишгар аз Қирғизистон касб кардааст.

Радабандии беҳтарин размикорон тариқи зайл аст:

Раҷабалӣ Шайдуллоев (13-0), Қирғизистон; Муҳаммад Наимов (11-3), Тоҷикистон; Қаршига Даутбек (17-3), Қазоқистон; Рауан Бекболат (10-3-2), Қазоқистон; Багдос Олжабай (16-4), Қазоқистон; Адилет Нурматов (13-2), Қирғизистон; Муртазали Магомедов (9-0), Қирғизистон.

Fight Matrix – портали низоми радабандии ҷаҳонӣ буда, дар он рӯйхатҳои размикорони касбӣ дар муҳорибаҳои омехта нашр мешаванд. Радабандиҳо ҳар ҳафта нав шуда, дар он дар ҳар кадоме аз гурӯҳи вазнҳо то 650 размикор дохил мешаванд.

Муҳаммад Наимов таэквондочӣ ва размикори ҳунарҳои омехта, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ мебошад.

Рӯзи 7 августи соли 1994 дар Кӯлоб (Тоҷикистон) ба дунё омадааст.

Дар таэквондо ба ҳунарнамоӣ оғоз намуда, дар Қазоқистон (соли 2010), Тоҷикистон (2012), Булғористон (2013) ва Непал (2014) ба  унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон соҳиб шуд.

Дар мусобиқиаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Эстония (соли 2012) ва Тоҷикистон (соли 2014) ба дарёфти медал шарафёб гардидааст.

Аз соли 2018 размкиори касбӣ мебошад. Аз 3 июни соли 2023 дар вазни нимасабуки Ultimate Fighting Championship (UFC) рақобат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...