Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Date:

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки ҳадафи аслии таъсиси Фонди роҳ дароз кардани муҳлати истифодаи роҳҳои мошингард дар кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмон ва таъмиру навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ маблағи зиёд – ҳудуди 30 млрд сомонӣ равона шудааст.

“Аммо маблағҳое, ки барои дар ҳолати хубу коршоям нигоҳ доштани роҳҳо ҷудо мешаванд, кофӣ нестанд”, – иброз дошт вазир.

Азим Иброҳим зикр кард, ки ҳамчунин тариқи Фонд барои таъмири роҳҳои мошингарди маҳаллӣ имконияти молиявӣ фароҳам оварда мешавад.

Ғайр аз ин, таъкид дошт вазир, таъсиси Фонди роҳ яке аз шартҳои Бонки осиёии рушд дар доираи пешниҳоди грант барои сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод мебошад.

Қобили зикр аст, ки ин ниҳоди молиявӣ соли 2019 барои сохтмони қитъаи 30-километраи ин роҳ 110 млн доллар грант ихтисос дод.

Ёдрас мекунем, ки қарор дар бораи таъсиси Фонди роҳ аз ҷониби ҳукумат 26 декабри соли гузашта қабул карда шуд.

Мувофиқи ин санад, Вазорати нақлиёт вазифадор шудааст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар муҳлати то се моҳ бо тартиби муқарраргардида ба ҳукумат оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ пешниҳодҳо манзур намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...