Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд

Date:

Соли гузашта дар вилояти Суғд 118 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора  имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбоутӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хабар дод.

Номбурда сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳоро “рақобат карда натавонистан, мавсимӣ будани корхонаҳо ва аз қайд набаровардани корхонаҳое, ки солҳои пеш фаъолияташон қатъ шуда буд" унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин, соли гузашта дар вилоят 164 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфтаанд, ки қисми зиёди корхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2023 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 120,1 фоизро ташкил кард”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба иттилои вай, корхонаҳои саноатии вилоят тавонистанд, ки дар ин давра беш аз 250 намуди маҳсулоти саноатиро истеҳсол кунанд, ки бештар маҳсулоти воридотивазкунанда аст.

Корхонаҳои саноатии вилоят дар ин давра меваҳои тару тоза ва афшураҳо,нахи пахта, маҳсулоти маъданӣ ва ғайра ба дигар давлатҳо содирот карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд маҷмӯан дар соҳаи саноат  1229  корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз он  38 корхонаҳои хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд ва дар корхонаҳои вилоят 258 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.

Қаблан, дар пайи як сафари матбуотӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд маълум шуд, ки чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба коргар ниёз доранд, ҳарчанд масъулини корхонаҳо мегӯянд, шароити корӣ ва маоши хуб ҳаст.

Аз 6  корхона, ки рӯзноманигорон дидан карданд, дар 4-тои он дар маҷмуъ, наздикӣ 450 коргар намерасид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...