Пешвои нави исмоилиҳои ҷаҳон эълон шуд

Раҳим Ал-Ҳусейнӣ Оқохон V рӯзи 5 феврал пас аз кушодани васияти падари марҳумаш шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, ки дар Лиссабон дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт, 50-умин имоми исмоилиён (пешвои маънавӣ)-и ҷаҳон эълон шуд. Тавре ки Reuters хабар медиҳад, шоҳзода Раҳим Оқохон V-писарбузурги Карим ал-Ҳусайнии фавтида-12 октябри соли 1971 таваллуд шудааст. Ӯ Phillips Academy-ро […]

Asia-Plus

Раҳим Ал-Ҳусейнӣ Оқохон V рӯзи 5 феврал пас аз кушодани васияти падари марҳумаш шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, ки дар Лиссабон дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт, 50-умин имоми исмоилиён (пешвои маънавӣ)-и ҷаҳон эълон шуд.

Тавре ки Reuters хабар медиҳад, шоҳзода Раҳим Оқохон V-писарбузурги Карим ал-Ҳусайнии фавтида-12 октябри соли 1971 таваллуд шудааст.

Ӯ Phillips Academy-ро дар Массачусетс хатм кардааст. Дар Brown University, сипас дар Navarra Business School дар Барселона таҳсил кардааст. Ӯ то ин вақт роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими Шабакаи рушди Оқохон ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети ин шабакаро ба уҳда доштааст. 

Раҳим Оқохон соли 2013 бо Кендра Ирен Спирс, маъруф ҳамчун шорҳдухтар Салва Оқохон издивоҷ кард.

Дар оилаи онҳо ду фарзанд-шоҳзода Ирфон (11 апрели соли 2015) ва шоҳзода Синан (2 январи соли 2017) ба дунё омаданд.

Падари ӯ – Карим Оқохони 4 шоми 4-уми феврал дар шаҳри Лиссабон дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Оқохони 4 13-уми декабри соли 1936 дар Суис (Швейтсария) ба дунё омада, баъд аз вафоти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони 3, соли 1957 имоми исмоилиҳо таъин гардид. Ӯ 68 сол имоми исмоилиҳо боқӣ монд.

Пайравони мазҳаби исмоилӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ ҳастанд.

Дар Тоҷикистон низ Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-амал мекунад, ки тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии зиёдеро амалӣ мекунад.

Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.