Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?

Ҳукумати Русия муҳлати амали қарор дар бораи манъи содироти бензинро аз кишвар то охири моҳи феврал дароз кард. Дар ин бора ба “Интерфакс” аз котиботи муовини сарвазири Русия Александр Новак хабар додаанд. Гуфта мешавад, интиқоли маҳсулоти истеҳсолкунандагоне, ки дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ тибқи тавозунҳои индикативӣ дар соли 2022 зиёда аз 1 млн тонна нафтро коркард […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Русия муҳлати амали қарор дар бораи манъи содироти бензинро аз кишвар то охири моҳи феврал дароз кард. Дар ин бора ба “Интерфакс” аз котиботи муовини сарвазири Русия Александр Новак хабар додаанд.

Гуфта мешавад, интиқоли маҳсулоти истеҳсолкунандагоне, ки дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ тибқи тавозунҳои индикативӣ дар соли 2022 зиёда аз 1 млн тонна нафтро коркард намудаанд, таҳти истисно қарор гирифтааст.

Манъи содироти бензин аз 1 марти соли 2024 дар пасманзари афзоиши шадиди нархҳои яклухт ва хавфи камбуди сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ ҷорӣ гардида буд. Интизор мерафт, ки ин тадбир шаш моҳ мавриди амал қарор гирад, аммо аз охири май то август маҳдудиятҳо муваққатан бекор карда шуданд.

Нашрияи “Коммерсант” хотиррасон мекунад, ки дар идома то охири соли гузашта боқӣ мондани манъи содирот дар назар буд, лекин моҳи ноябри соли гузашта муҳлати он то 31 январ ва сипас то охири моҳи феврал тамдид шуд.

Александр Новак зарурати қабули ин қарорро бо «коҳиш додани талаботи аз ҳад зиёд ба маҳсулоти нафту газ» тавзеҳ дода буд. Ба гуфтаи ӯ, ин чора «ба суботи нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ мусоидат мекунад».

Ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дахл надоранд, зеро ҷумҳурӣ аз соли 2013 инҷониб онҳоро тибқи созишномаи байниҳукуматии ду кишвар бо шароити имтиёзнок (бе пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми убури сарҳади Русия) дарёфт мекунад.

Мувофиқи қарордод, ҳукумати Тоҷикистон то моҳи сентябр ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтӣ (тавозуни индикативӣ)-ро ба ҳукумати Русия пешниҳод мекунад, ки соли оянда аз ҷониби Русия аз пардохти боҷи содиротии гумрукӣ озод карда мешавад.

Тавозуни индикативӣ дар соли 2024  мисли солҳои охир 1 млн тоннаро ташкил дода, пурра гирифта шудааст.

Қариб 88%-и маҳсулоти нафтии интиқолёфта аз бензин ва сӯзишвории дизелӣ ва қисми боқимонда аз сӯзишвории реактивӣ, мазут, битум, равғанҳои молиданӣ ва гази моеъ иборат буд.

Маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз корхонаи коркарди нафти Омск – яке аз бузуртарин корхонаҳои коркарди нафти Русия, воқеъ дар шаҳри Осмк ки ба ширкати “Газпром нефт” тааллуқ дорад, интиқол дода мешавад. Иқтидори муқаррашудаи ин корхонаи шаҳри Омск ба коркарди 22 млн тонна нафт дар як сол баробар аст.

Ширкати асосии таҳвилгар ба Тоҷикистон  “Газпром нефт – Тоҷикистон” – корхонаи фаръии ширкати “Газпром нефт”-и Русия мебошад.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, соли 2024 ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 746 доллар барои 1 тонна ҳудуди 451 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст.

Ҳаҷми интиқол дар муқоиса бо соли 2023 ба андозаи 2,7% ва арзиши бензин – 13,9% (91 доллар зиёдтар барои ҳар 1 тонна) афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.