Вазири меҳнат: Тоҷикистон самтҳои муҳоҷирати кориро васеъ кард

Тоҷикистон дар соли 2024 дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор кишварҳо шарикии мутақобилан судманд ба роҳ монд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки барои кор дар хориҷи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар соли 2024 дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор кишварҳо шарикии мутақобилан судманд ба роҳ монд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки барои кор дар хориҷи кишвар роҳҳои нави шуғлро ҷустуҷӯ кунанд.

«Яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат фароҳам овардани имкониятҳои нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои гуногун мебошад», – зикр кард ӯ.

Холмаҳмадзода таъкид кард, ки соли гузашта Вазорат дар соҳаи меҳнат бо 15 кишвар 41 санади ҳуқуқӣ ба имзо расонд. Дар байни онҳо – Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ҷопон ва Корея қарор доранд.

Ба кори ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Соли 2024 Вазорат 12 тарҳи нави созишномаҳои ҳамкориро бо Русия ва минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон, инчунин бо Гурҷистон, Лаҳистон, Сербия, Белгия, Британияи Кабир, Корея, Ҷопон, Қатар, Кувайт ва Арабистони Саудӣ таҳия намуд. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳбуди шароити кор ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд.

Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамчунин изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятнок беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад. Дар ин замина барои бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои хориҷӣ корҳо идома доранд.

Вазир инчунин ба аҳаммияти мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои қабулкунанда, ташкили механизмҳо барои омодагии касбии онҳо ва омӯзиши ихтисосҳои нав таваҷҷуҳ намуд, ки ба баланд шудани рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат имкон медиҳад.

Ба иттилои Холмаҳмадзода, айни замон дар марказҳои таълимии калонсолон кадрҳое омода мешаванд, ки дар Ҷопон, Корея ва Кувайт кор хоҳанд кард. Ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба қувваи кории хориҷӣ талаботи махсус дорад, пеш аз ҳама ба сатҳи тахассус ва донистани забон. Пас аз анҷоми курсҳо ва супоридани имтиҳонҳо, хатмкардагон метавонанд барои кор ба ин кишварҳо сафар кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.