“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард

Дмитрий Егоров , президенти дастаи медиалигаи Русия “Броук Бойз” қаблан назди тими “Равшан”-и Кӯлоб шарт гузоштаа буд, ки ба ин даста гузаштан (трансфер)-и собиқ шогирдаш Алишер Раҳимовро шарҳ дод. “Равшан” – мунтахаби Тоҷикистон – Ҷоми Осиё – пешниҳод аз ягон тими Маҷористон (Венгрия) ё Лаҳистон (Полша) – роҳи минбаъдаи ӯ метавонад чунин бошад. Ҳар он […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дмитрий Егоров , президенти дастаи медиалигаи Русия “Броук Бойз” қаблан назди тими “Равшан”-и Кӯлоб шарт гузоштаа буд, ки ба ин даста гузаштан (трансфер)-и собиқ шогирдаш Алишер Раҳимовро шарҳ дод. “Равшан” – мунтахаби Тоҷикистон – Ҷоми Осиё – пешниҳод аз ягон тими Маҷористон (Венгрия) ё Лаҳистон (Полша) – роҳи минбаъдаи ӯ метавонад чунин бошад. Ҳар он чизеро, ки ба мо вобста буд, иҷро кардем ва аз онҳо гирифтем”, – иброз доштааст Егоров.

Ӯ илова намудааст, ки ба дастаи”Равшан” аз Кӯлоб баргузории бозӣ бо шарт бастани 1 млн рублро дар моҳи март пешниҳод кардааст.

“Кӣ пурқуваттар аст? Мо ба ҳамон тарафҳо сафар карданием”, – зикр кардааст роҳбари “Броук Бойз”.

Чанд рӯз пеш ӯ хабар додааст, ки дастаи “Равшан” шартро қабул карда, ба баргузории бозии дӯстона бо “Броук Бойз” омода аст.

Инро директори дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов низ тасдиқ кардааст.

“Агар бозиро дар Маскав ташкил кунанд, дар вақти истироҳатамон меравему бозӣ мекунем. Агар ба Кӯлоб омаданӣ бошанд, боз хубтар. Ба маблағи пешниҳодшудаи шарт аз ҷониби ҳариф ман боз 10 ҳазор доллари дигар илова мекунам. Лекин дар Кӯлоб мо “Барселона”-ро ҳам мағлуб мекунем. Мо ба онҳо нишон медиҳем, ки футбол чист ва мухлсиони “Равшан” чӣ гунаанд. Онҳо мебинанд, ки чӣ тавр ба мо мухлисӣ мекунанд. Умедворам, ки ин сафар аз лавҳи хотири меҳмонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад”, – гуфт мутахассис.

Ёдрас мекунем, ки “Равшан” бо собиқ футболбози “Броук Бойз” Алишер Раҳимов, ки байни ӯ ва раҳбарияти дастаи медиалига нофаҳмиҳо ҷой дошт, қарордод ба имзо расонид.

Айни замон вазифаи сармураббигии тими “Равшан”-ро мутахасиси Русия Дмитрий Черишев ба уҳда дорад. Черишев 11 майи соли 1969 таваллуд шудааст. Моҳи июли соли 2002 аз футбол канор рафт.

Замони футболбоз будан Черишев дар мавқеи ҳамлагар дар дастаҳои “Химик”-и Дзержинск, “Локомотив”-и Нижний Новгород, “Динамо”-и Маскав, “Спортинг”-и Хихон ва “Аранхуэс” (ҳарду даста аз Испания) ва мунтахаби футболи Русия бозӣ кардааст.

Аз соли 2003 ба сифати мураббӣ ба кор оғоз кард. Дар низоми кори дастаҳои “Реал” ва “Севиля”-и Испания фаъолият намуда, дар тимҳои “Волга”-и Нижний Новгород, “Иртиш”-и Павлодар, “Мордовия”, “Нижний Новгород” ва “Санта-Колома” аз Андорра ба сифати сармураббӣ ифои вазифа намудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио