Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон

Ширкати CARPI Tech-и Фаронса ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин омодагӣ рӯзи 19 феврал зимни вохӯрии раҳбарияти Вазорати энергетикаи ҶТ бо намояндагони ширкати фаронсавӣ зикр шуд. “Аз ҷумла, ширкати мазкур ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати CARPI Tech-и Фаронса ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин омодагӣ рӯзи 19 феврал зимни вохӯрии раҳбарияти Вазорати энергетикаи ҶТ бо намояндагони ширкати фаронсавӣ зикр шуд.

“Аз ҷумла, ширкати мазкур ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон изҳори ҳавасамандӣ намуд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот намояндагони ширкати «Carpi» рӯнамои фаъолияти ширкатро пешниҳод намуда, доир ба иқтидор, таҷрибаи байналмилалӣ ва лоиҳаҳои амалинамудаи он, бахусус дар самти бунёди сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, маълумот доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, имконоти гидроэнергетикии дарёи Зарафшон (ҳамроҳ бо шохаҳояш – дарёҳои Мастчоҳ ва Фондарё) 33,94 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад.

Ду маҷрои дарё (ҷойи дарғот) мавҷуд аст, ки барои сохтмони НБО бо обанбор мувофиқ ва қулай аст. Дарозии дарё 877 км ва масоҳати минтақаи ҷамъоварии об – 12,3 ҳазор км-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки доир ба қарордоди сохтмони 2 неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳанӯз соли 2018 тавофуқи пешакӣ ҳосил карда буданд.

Моҳи июни соли 2022 сарони ҳарду кишвар зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сохтмони яке аз ин 2 неругоҳ – НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт ҳусни оғоз бахшиданд.

Нархи тахминии НБО “Ёвон” 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар он ҳамасола 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳи 2-юм дар дарёи Зарафшон тибқи маълумоти пешакӣ, 180 МВТ-ро ташкил хоҳад дод.

Нерӯгоҳоҳҳои сохташуда дар як сол то 1400 млн кВт/соат нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард, ки танҳо барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истифода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио