ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид

Гурӯҳи ҲАМОС, ки навори Ғаззаи Фаластинро зери назорат дорад, бар асоси тавофуқи оташбас ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супоридааст. Ба навиштаи расонаҳои ҷаҳон, ҲАМОС ин навбат ҷасади Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир, модари онҳо Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ба намояндагони Ҳилоли Аҳмар супоридааст. Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва […]

Asia-Plus

Гурӯҳи ҲАМОС, ки навори Ғаззаи Фаластинро зери назорат дорад, бар асоси тавофуқи оташбас ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супоридааст.

Ба навиштаи расонаҳои ҷаҳон, ҲАМОС ин навбат ҷасади Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир, модари онҳо Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ба намояндагони Ҳилоли Аҳмар супоридааст.

Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва дар ҷараёни ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил асир шуданд.

Ярден Бибас, падари кӯдакони ҳалокшуда ҳам ба асорати ҲАМОС афтода буд, аммо аз зану фарзандаш ҷудо нигоҳ дошта мешуд. Ӯ пештар аз сӯи ҲАМОС озод шуда буд.

Намояндагони ҲАМОС қаблан гуфта буданд, ки ин кӯдакон дар пайи мушакборони Ғазза аз сӯйи Исроил кушта шуданд. Ҳангоми супоридани ҷасадҳо бори дигар таъкид карданд, ки ин чаҳор нафар дар ҷараёни ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд. Аммо Исроил то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки ҳувияти ин ҷасадҳоро вақте таъйид мекунанд, ки худашон озмоишҳои пизишкӣ анҷом диҳанд.

 

Қарор аст рӯзҳои наздик ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгони дигарро ба Исроил таҳвил диҳад.

Ёдрас мешавем, ки Исроил ва ҲАМОС пас аз 14 моҳи ҷанг тавофуқи оташбасро имзо карданд, ки аз 19 январи соли 2025 ба иҷро даромад. Ин тавофуқ бо миёнчигарии Қатар, Миср ва Амрико ба даст омад ва се марҳиларо дар бар мегирад.

Дар марҳилаи аввали он, ки 6 ҳафтаро дар бар мегирад, ҲАМОС бояд 33 гаравгони исроилиро озод кунад. Дар ивази онҳо Исроил ҳудуди 1900 маҳбуси фаластиниро раҳо мекунад.

Дар марҳилаи дуюми созиши оташбас ивази боқимондаи гаравгонҳо ва ақибнишинии пурраи нерӯҳои Исроил аз Ғазза пешбинӣ мешавад. Марҳилаи сеюми шомили бозсозии Ғазза хоҳад буд.

Бояд гуфт, то ҳол дар 6 марҳилаи ивази асирон ҲАМОС 24 исроилӣ ва Исроил 1 ҳазору 135 фаластиниро озод кард.

Ҷанг дар Ғазза пас аз 7-уми октябри соли 2023, баъди ҳамлаи ҲАМОС ба чанд минтақаи Исроил ва куштори 1200 нафару ба асорат гирифтани зиёда аз 200 сокини ин кишвар оғоз шуд.

Баъди ин Исроил Ғаззаро мушакборон кард ва ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ, ки аксаран занону кӯдакон буданд, кушт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.