Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (БДА ВКД) овозаҳо дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми маблағ барои нобудсозии нақлиёт, ки шурӯъ аз соли 2024 дар Тоҷикистон ситонида мешавад, рад кард. Ин ниҳод гуфт, овозаҳои аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ боло рафтани нархи "утилизатсия" аз 1-уми марти соли ҷорӣ асосӣ воқеӣ надорад.  Аз Раёсати БДА ба “Азия-Плюс” […]

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (БДА ВКД) овозаҳо дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми маблағ барои нобудсозии нақлиёт, ки шурӯъ аз соли 2024 дар Тоҷикистон ситонида мешавад, рад кард. Ин ниҳод гуфт, овозаҳои аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ боло рафтани нархи "утилизатсия" аз 1-уми марти соли ҷорӣ асосӣ воқеӣ надорад. 

Аз Раёсати БДА ба “Азия-Плюс” гуфтанд, арзише, ки қаблан муайян гардида буд, яъне аз 5 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, тағйир наёфтааст. Аммо маблағ барои пардохт тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1-уми январи соли 2025 75 сомонӣ шуд, ҳисоб карда мешавад.

Ин ба он маънӣ аст, ки қаблан, яъне соли 2024, вақте 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ буд, арзиши нобудсозии нақлиёт аз 350 сомонӣ то 2880 сомониро ташкил медод. Акнун, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025 75 сомонӣ муқаррар гардид, арзиши нобудсозии нақлиёт аз 375 сомонӣ то 3000 сомонӣ хоҳад буд.

 

Ҳамин тавр, дар соли 2025 арзиши нобудсозии нақлиёт дар Тоҷикистон ба тариқи зайл муқаррар гардидааст:

– барои мототсиклҳо, мопедҳо ва дигар дучархаҳои муҳаррикдор – 375 сомонӣ (5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);

– барои мошинҳои сабукрав ва мусофиркаш – 1650 сомонӣ (22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);

– барои нақлиёти боркашон, камаз, кранҳо ё воситаҳои нақлиёти гаронвазн 3 ҳазор сомонӣ (40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо).

Пардохт барои нобудсозии нақлиёт дар тамоми давраи фаъолияти мошин як бор супорида мешавад.

 

1,7 млрд сомонӣ ба буҷет

Бояд гуфт, то ин лаҳза аз ҳисоби пардохти маблағ барои нобудсозии нақлиёт дар Тоҷикистон 1,7 млрд сомонӣ ба буҷети кишвар ворид шудааст. Ин маблағ асосан ҳангоми сабти нақлиёт ё муонаи техникии он ситонида шудааст. Баъди ба охир расидани муҳлати истифодаи мошин Раёсати ВКД онро бояд дар маҳалли махсус несту нобуд кунад.

Дар ин бораи зимни нишасти матбуотии ВКД иттилоъ дода шуд. Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, то ҳол майдон махсус барои несту нобуд кардани мошинҳо сохта нашудааст, танҳо лоиҳаи сохтмони он дар ҳоли омодашавӣ аст.

 

Аз БДА ба Хадамоти гумрук?

Эҳтимол аст, мақоми масъули ҷамъоварии маблағ барои нобудсозии нақлиёт дар Тоҷикистон тағйир ёбад. Дар ин бора бори аввал Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд.

Ӯ гуфт, пешниҳоди бозбинии тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон ба ҳукумат ироа шудааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ин пешниҳодӣ кӣ аст.

Каримзода таъкид кард, ки пешниҳод шудааст, маблағи пардохт ҳангоми воридоти автомобил ситонида шавад, на дар вақти бақайдгирии он. Яъне, дар ҳолати қабули ин тағйирот, масъулияти ҷамъоварии маблағ аз Раёсати БДА ба Хадамоти гумрук мегузарад.

Дар Раёсати БДА низ гуфтанд, ки айни ҳол масъалаи аз масъулияти БДА ба Хадамоти гумрук гузаронидани ҷамъоварии маблағи нобудсозӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми декабри соли 2023 парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро қабул кард, ки дар асоси он супоридани маблағ барои нобудсозии нақлиёт ҳатмӣ шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии он дар назди вакилони парлумон гуфт, ки он “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.