Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ICB ва KAZAKHEXPORT

Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Агентии қарзӣ-содиротии Қазоқистон (KAZAKHEXPORT) баҳри рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории дарозмуддат созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. 19 –уми феврали соли 2025 Мирзосафар Сафаров, раиси ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ва Сергей Куклин, муовини раиси Раёсати Агентии қарзӣ-содиротии Қазоқистон Созишномаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории дарозмуддатро бо ҳадафи таҳкими фаъолияти […]

Маводи шарикон

Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Агентии қарзӣ-содиротии Қазоқистон (KAZAKHEXPORT) баҳри рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории дарозмуддат созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

19 –уми феврали соли 2025 Мирзосафар Сафаров, раиси ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ва Сергей Куклин, муовини раиси Раёсати Агентии қарзӣ-содиротии Қазоқистон Созишномаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории дарозмуддатро бо ҳадафи таҳкими фаъолияти суғуртаи мизоҷон ва тиҷорату сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо карданд.

Созишномаи мазкур барои мусоидат ва тавсеаи равобити тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон тавассути фароҳам овардани дастрасии бештар ба роҳҳои ҳалли маблағгузории тиҷоратӣ барои соҳибкорони ҳарди кишвар нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар доираи созишномаи баимзорасида таҷриба ва захираҳои ҳарду ҷониб барои дастгирии содиркунандагон ва воридкунандагон истифода шуда, ба тиҷорати фаромарзӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисод мусоидат карда мешавад.

“Мо итминон дорем, ки ин созишнома ба ҷомеаи соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон таъсири мусбат мерасонад. Зеро он на танҳо дастрасиро ба сарчашмаҳои молиявӣ осон мекунад, балки ба коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва рушди устувори иқтисоди кишварҳо мусоидат менамояд”, – мегӯяд, раиси Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон Мирзосафар Сафаров.

Ӯ таъкид мекунад, ки барои ICB ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дониста мешавад, зеро он ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Бонк дар сатҳи минтақавӣ мусоидат намуда, барои мизоҷони он роҳҳои нави имконияти рушд ва муваффақиятро боз мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио