Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи эътидоли баҳориро муайян карданд.
Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соли 2023 рӯзи 21 март, соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакаташ гирду атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйдоди таърихӣ рӯзи 21 марти соли ҷорӣ соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқуъ меояд, хабар дода мешавад дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
“Бояд қайд намуд, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин, дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб ба вуҷуд меояд, ки баробаршавии шабу рӯз мебошад”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ ном дорад. Бинобар ин, соли нави астрономии 2023 чун рӯзи 21 март аз соати 02:30 оғоз мешавад. Барои мо ин вақт бо унвони фарорасии Наврӯз машҳур аст.
Наврӯз ин ҷашни соли нав аз рӯйи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ҳамоҳангие, ё худ вобастагие бо дин надорад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ӯро дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ пеш аз асри VII-и пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд. Азбаски ҷашни Наврӯз дар замонҳои хеле қадим пайдо шуд, давраи пайдоиши аслии он маълум нест.