Додситони нави ҳарбӣ хост, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ шавад

Date:

Фирдавс Ҳаётзода, додситони нави ҳарбии Тоҷикистон дар як ҷаласа хостааст, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ ва содиршавии ҳама гуна ҷиноят дар ин самт кам карда шавад. Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар медиҳад.

Ӯ ин суханонро ҳафтаи равон дар ҳузури Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазир ва ҳамзамон раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ, Эмомалӣ Собирзода, вазири дифоъ, ва дигар масъулини соҳа, ки масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳориро баррасӣ мекарданд, гуфтааст.

“Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар масъулин баромад намуда… оид ба пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба  сифати даъвати шаҳрвандон, таклифу пешниҳоди мушаххасро ироа намуданд”, – навиштааст манбаъ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷаласаи комиссияи даъвати баҳорӣ

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбии имсоларо рӯзи 19 феврал, қариб як моҳ пеш аз вақти маъмулӣ, ба имзо расонид. Имзои пеш аз вақти маъмулии фармон нигаронии бархеҳоро ба миён овард, ки ин ба масъулини комиссияҳои даъват имкон медиҳад, ки пеш аз муҳлат ба маъракаи давъатро оғоз кунанд.

Аз ҷумла, Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик, роҳбари «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба “Азия-Плюс” гуфт, барвақт оғоз шудани омодагиҳо метавонад ба пайдо шудани дигар мушкилиҳо боис гардад. Корҳои омодагӣ, ки бояд танҳо як моҳ идома ёбанд, аксар вақт ба маъракаи пурраи даъват табдил меёбанд, ки ин қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад.

 

“Облава” – мушкили чандинсола дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Солҳо мақомот барои пурра кардани нақшаи даъват ба “облава” ё худ сарбозшикор машғул мешуданд, аммо чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад: аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар кишвар барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайра пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...