Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати ҳарбии баҳориро имсол барвақттар имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27–сола (солҳои таваллуди 1998-2007) аз 1 апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд. Фармони раисҷумҳур дар мавриди даъвати ҳарбии баҳорӣ дар муқоиса ба солҳои пеш тақрибан як моҳ пештар […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27сола (солҳои таваллуди 1998-2007) аз 1 апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

Фармони раисҷумҳур дар мавриди даъвати ҳарбии баҳорӣ дар муқоиса ба солҳои пеш тақрибан як моҳ пештар имзо шуд. Масалан, фармони даъвати баҳории соли гузашта 6-уми марти соли 2024 имзо шуда буд.

Дар фармон, ки шоми 19-уми феврали соли равон дар сомонаи президент нашр шуд, гуфта мешавад, ки онҳое, ки хидмати ҳарбиро тамом карданд, дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар “ба эҳтиёт рухсат дода шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбиро вазифадор кардааст, ки “даъвати муташакилонаи шаҳрвандонро бо дарки масъулият” ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи телевизион ва радио вазифадор гардидаанд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври густурда инъикос карда, хидмати ҳарбиро “ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд”-и Тоҷикистон” тарғиб кунанд.

Дар ин баробар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар кунад.

Дар Тоҷикистон мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Солҳои охир мақомот кӯшиш мекунанд, дар рӯзҳои аввали маъракаи давъати ҳарбӣ нақшаро иҷро кунанд. Ҳарчанд чандин сол пеш то охири мавсим нақшаро иҷро мекарданд. Коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои аслии пеш аз муҳлат иҷро кардан ин барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз сӯи комиссариатҳои шаҳру навоҳии кишвар аст.

Чанде пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.

Ӯ  то ин дам муовини якуми вазири мудофиа ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд. Собирзода дар ин вазифа ба ҷойи Шералӣ Мирзо интихоб шуд.

Дар давраи роҳбарии Шералӣ Мирзо як қатор мушкилиҳо дар соҳаи мудофиаи кишвар расонаӣ шуд, ки вазири навро мебояд онро ҳал кунад. Вазири нави дифоъ бояд кадом мушкилотро бартараф кунад? Дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.