Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе

Date:

Рӯзҳои 8 ва 9-уми марти соли ҷорӣ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ мешавад, вале шарҳ дода нашудаст, ки мушаххас чӣ корҳои таъмирӣ ва дар кадом қисмат гузаронида мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, давоми ду рӯз барқ дар чунин хиёбон ва кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мешавад:

– хиёбони Рӯдакӣ;

– кӯчаи Исмоили Сомонӣ;

– кӯчаи Лоиқ Шералӣ;

– кӯчаи Мирзо Турсунзода;

– кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ;

– кӯчаи Некрасов;

– кӯчаи Бохтар;

– кӯчаи Ойгул;

– кӯчаи Маҳмадулло Холов;

– кӯчаи Пушкин.

Ҳамчунин, барқ дар биноҳои ҶСП “Ориёнбонк”, Иттифоқи нависандагон, меҳмонхонаҳои Авесто, Тоҷикистон, биноҳои Маҷлиси Олӣ, хонаи Радио, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва Вазорати мудофиа қатъ мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”, – гуфтааст Шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт.

Дар ҳоли ҳозир ба истиснои Душанбе дар дигар минтақаҳоли кишвар лимит ҷорӣ аст.

Вале гоҳ-гоҳ сокинони Душанбе ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд, ки мақомот онро ба корҳои “профилактикӣ” ё таъмир рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...