Теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки ба ҷунбиши тундрави Толибон* тобеанд, ба 200 ҳазор нафар расонида мешавад, гуфтааст Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди артиши Толибон.
Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад.
“Мо тасмим гирифтем, ки теъдоди артишро дар соли оянда аз 150 ҳазор ба 170 ҳазор ва тадриҷан ба 200 ҳазор ҳарбиён расонем”, – гуфтааст Қорӣ Фасеҳуддин.
Дар замони ғасби қудрат дар Афғонистон дар нимаи моҳи августи соли 2021 теъдоди ҷангҷӯёни Толибон 100 ҳазор нафар тахмин зада мешуд.
Моҳи феврали соли 2022 намояндагони Толибон эълон доштанд, ки теъдоди ҷанҷӯёни худро ба 150 ҳазор нафар афзоиш медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар беш аз ду даҳаи гузашта, омӯзишҳои низомии артиши Афғонистон яке аз пурхазинатарин бахшҳо ба шумор мерафт. Аммо ба думболи суқути низоми пешин, артиши 350 ҳазор нафараи Афғонистон низ аз ҳам пошид.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистон дар даҳаҳои пасин борҳо гувоҳи фурӯпошии артиш ва аз даст рафтани низоми ҳарбии худ будааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.